(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба боксБахшида ба истиқболи рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти поси хотири устоди варзиши Иттиҳоди шӯравӣ дар Қасри варзиш мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 1997-1998 ифтитоҳ гардид.
Дар расмикушоди он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва як қатор меҳмонон аз ҷумҳуриҳои бародар - Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханони табрикӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат, аз ҷумла, аз Президенти мамлакат, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯза сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон алалхусус барои солимиву бардамии ҷомеа ва ривоҷу равнақ ёфтани зиндагии мардум равона карда шудааст. Дар ин раванд дар тамоми манотиқи кишвари азизамон иншоотҳои варзишӣ сохта шудаанд ва ҳамасола боз шумори чунин иншоотҳо зиёд шуда истодаанд. Ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд низ шумори зиёди иншоотҳои гуногуни варзишӣ ба истифода дода шудаанд, имрӯз ҳам боз сохтмони чандин иншоотҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Зеро давлату ҳукумат мекӯшад, то тани мардум сиҳат, хотираш ҷамъ ва аз ҳама муҳим ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил нашуда, роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанд. Зеро, варзиш-гарави саломатист!
Мусобиқаи мазкур 4 рӯз давом карда, боксчиёни давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва боксчиёни шаҳри Душанбеву вилояти Суғд байни худ қувваозмоӣ мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз садо додани Суруди Миллӣ мусобиқаро кушода гуфта эълон кард.