(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вохӯрии Раиси шаҳр бо зоирин.Ҳар сол чун анъана дар остонаи иди Қурбон мусалмонони манотиқи олам барои иҷрои як рукни дини ислом - сафари ҳаҷҷи акбар камари ҳиммат мебанданд. Имсол низ ба сокинони Тоҷикистони мо муяссар шуд, ки дар ин маъракаи динӣ ширкат намоянд.
Аз шаҳри Хуҷанд имсол 165 нафар сафари ҳаҷ мекунад. Бо мақсади раҳнамоӣ ва гусел Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо зоирин вохӯрд. Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси шаҳр, Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва намояндагони бахши дин иштирок карданд.
Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ бо зоирин аз пешравиву дастовардҳои Ҳукумати мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ёдовар шуда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки пеш аз ҳама ба одобу ахлоқи ҳамида, ки дини ислом онро тақозо мекунад, риоя намоянд. Ифтихор аз он намоянд, ки тоҷикистонӣ ҳастанд, зеро дар тамоми дунё тоҷиконро бо фарҳангу одоби баландашон мешиносанд.
Ҳамзамон Раиси шаҳр аз зоирин хоҳиш кард, ки ҳангоми аз сафари ҳаҷ баргаштан, дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон саҳмгузор шаванд.
Сипас, ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода тамоми аркону қоидаҳои иҷрои ҳаҷро ба зоирин фаҳмонида, хоҳиш кард, ки ба 4 нафар роҳбаладе, ки онҳоро давоми сафар ҳамроҳӣ мекунанд, пайравӣ намоянд. Зеро, роҳбаладон дониши комили динӣ дошта, аз тамоми қоидаҳои ҳаҷ ва таърихи дини ислом бохабаранд.
Яке аз роҳбаладон ва мусофирони ҳаҷ сухан карда, ба Президенти кишвар, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри имконият доданашон барои иҷрои ин рукни дин изҳори миннатдорӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол низ Кумитаи дини ҷумҳурӣ тамоми зоиринро бо либоси ягона, ки рамзи Тоҷикистонро дорад ва ҷувздонҳои калони борбардор таъмин кард.
Зоирин санаи 1-уми сентябр аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара тариқи ҳавопаймоҳои ватанӣ парвоз мекунанд.