(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машварати августии омӯзгорон

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи политехники Донишкадаи техники Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ машварати августии омӯзгорон барпо гардид.
Дар кори он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ширкат намуданд.
Нахуст мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов сухан карда, аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр маълумот дод. Баъдан, Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба суханбаромада, тамоми омӯзгорони мактабҳои миёна ва мураббияҳои кӯдакистонҳоро бо соли нави хониш табрик гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки бодастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соҳаи маориф ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Зеро, омӯзгор ба рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита гузошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.
Раҷаббой Аҳмадзода бо баробари ба забон овардани номи чанде аз собиқадорони соҳа зикрнамуд, ки маҳз бо кӯшишу ғайрати чунин инсонҳои фидоии касби хеш имрӯз як зумра шогирдони пешсаф ба воя расида, баҳри ободии кишвар саҳм гузошта истодаанд. Ҳамчунин, Раиси шаҳр фаъолияти як қатор муассисаҳои томактабиву мактабиро хуб арзёбӣ карда, муаллимону мураббияҳои пешқадами онро намунаи ибрат хонд. Умуман, Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти маорифчиёни шаҳр изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки мобояд ба ин муваффақиятҳо шефтанашуда, дар оянда барои боз ҳам хубтару беҳтар тарбиянамудани кӯдакону хонандагон кӯшиш кунем.
Баъдан сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода оид ба бурду бохт ва камбудиҳои соҳа сухан карда, таклиф намуд, ки бигзор маорифчиёни шаҳр дар соли нави хониш боз ҳам пешсафиро аз даст надода, дар олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Зеро, сол ба сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёдшуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи муаллимону хонандагон шароитҳои хуб муҳайё шуда истодаанд.
Ҳамзамон, дар машварат чанд нафар аз омӯзгорони макотиби шаҳр ба музокира баромада, оид ба пешрафти соҳа фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар рафти машварат аз тарафи Раиси шаҳр ба чанде аз фаъолони соҳаи маориф нишони Аълочии маориф ва Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Дар охир аз ҷониби хонандагони мактабҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳр барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.