(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагӣ барои зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб астТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 10 июни соли 2015, №415 корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон идома дорад.
Бо ин мақсад ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва назорату иҷроиши нақшаи тасдиқгардида бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ситоди зимистонгузарӣ созмон дода шудааст.
Тибқи нақша то имрӯз аз тарафи Корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳилҳои росту чап як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.
Аз маълумоте, ки Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чап пешниҳод кард, аён гардид, ки онҳо то санаи 20-уми августи соли равон чунин корҳоро ба анҷом расонидаанд: таъмири бомҳои хонаҳои истиқоматӣ тибқи нақша-1500 метри квадратӣ, иҷроиш 1840 метри квадратӣ, шиферпӯш кардани бомҳо тибқи нақша-190 дона, иҷроиш 198 дона, иваз намудани қубурҳои ташноб-200 метр, иҷроиш 460 метр, таъмири даромадгоҳҳои биноҳои баландошёна тибқи нақша-20 адад, иҷроиш 18 адад, ивази кабели барқӣ тибқи нақша-160 пагонний метр, иҷроиш 380 пагонний метр, таъмири лифт тибқи нақша-1 адад, иҷроиш 2 адад, таъмири қуттии барқӣ тибқи нақша-14 адад, иҷроиш 14 адад, тоза кардани таҳхонаҳо-78 адад, иҷроиш 72 адад, таъмири пеши бино тибқи нақша-11 адад, иҷроиш 32 адад, тоза намудани ҷӯйбор тибқи нақша-3800 метр, иҷроиш 3800 метр, оинабандии даромадгоҳҳо тибқи нақша-40 метри квадратӣ, иҷроиш 42 метри квадратӣ мебошад.
Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рост низ дар ин самт ҷараёни корҳои таъмиру тармимро хуб ба роҳ мондаанд. Онҳо то имрӯз корҳои зеринро ба иҷро расонидаанд: таъмири бомҳои хонаҳои истиқоматӣ тибқи нақша-4200 метри квадратӣ, иҷроиш 2704 метри квадратӣ, шиферпӯш кардани бомҳо тибқи нақша-140 дона, иҷроиш 78 дона, Тунукапӯши бомҳои хонаҳои истиқоматӣ тибқи нақша-10500 метри квадратӣ, иҷроиш 8964 метри квадратӣ, таъмири даромадгоҳҳо тибқи нақша-72 адад, иҷроиш 64 адад, иваз кардани ноқили барқии 0,4 киловата тибқи нақша-120 пагонний метр, иҷроиш 78 пагонний метр, таъмири қуттии барқӣ тибқи нақша-68 адад, иҷроиш 71 адад, тоза кардани таҳхонаҳои биноҳои баландошёни истиқоматӣ тибқи нақша-218 адад, иҷроиш-195, тоза кардани ҷӯйборҳо тибқи нақша-2970 метр, иҷроиш 5070 метр, таъмири лифти одамкашон тибқи нақша-3 адад, иҷроиш 3 адад, таъмири намуди бино тибқи нақша-15 адад, иҷроиш 11 адад, иваз кардани қубури оби ташноб тибқи нақша-149 метр, иҷроиш 161 метр, оинабандии даромадгоҳҳо тибқи нақша-740 метри квадратӣ, иҷроиш 652 метри квадратирор ташкил медиҳад.
Аз иҷрои корҳои ба сомон расида, маълум мешавад, ки масъулини соҳа вазифаи бар дӯшашон гузошта шударо сарбаландона иҷро карда истодаанд ва дар оянда корро боз ҷоннок хоҳанд кард.