(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъминот бо оби ошомиданӣ муаммо надорадОб манбаи ҳаёт ва ҳастии мавҷудоти зинда мебошад. Ҷое ки об ҳаст, ободию ободкорӣ, шукуфоию сарсабзӣ ҳаст. Ҳаминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, баҳри таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Давоми даҳсолаи охир барои беҳдошти вазъи таъминоти шаҳри Хуҷанд бо оби ошомиданӣ  корҳои назаррас ба итмом расид, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост. Бо дастгирии  Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид дар Хуҷанди бостонӣ ду лоиҳа амалӣ гашт. Ин имконият дод, шумораи садамаҳои шабакаҳои об коҳиш ёбад ва мардум назар ба солҳои пешин хубтару беҳтар бо оби нӯшокӣ таъмин шавад.
Баъзан шикояти сокинони биноҳои баландошён дар бобати нокифоягии оби ошомиданӣ ба гӯш мерасад. Мо баҳри равшанӣ андохтан ба ин масъала, назди сардори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» Ёқубҷон Бобоҷонов ҳозир гаштем. Бо тавсияи ӯ дар ин бобат бо  сардори гуруҳи иҷроиши лоиҳа Раҳматҷон БУРҲОНОВ ҳамсӯҳбат шудем.
-Раҳматҷон Сайфуллоевич, сабабҳои дастнорасии оби ошомиданӣ ба сокинони биноҳои баландошён дар чист?
-Маъмурияти Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» давоми амалисозии Лоиҳаҳо «Оид ба беҳтаргардонии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ» бо кӯмаки Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид беш аз 100 ҳазор метр шоҳқубурҳои хатти обро иваз намуд ва дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ беҳтар гардида, ҳолатҳои садама низ хеле коҳиш ёфт. Вақтҳои охир дастнорасии оби ошомиданӣ ба сокинони биноҳои баландошён  ба назар намерасад. Шояд воқеаи моҳи июни соли 2015-ум дар маҳаллаи «Баҳор» рухдода, сабаби ба миён омадани дастнорасии сокинони биноҳои баландошён  ба оби нӯшокӣ шуда бошад. Дар маҳаллаи номбурда муҳаррики насоси обкашӣ ногаҳон аз кор баромад ва сокинони 14 бино бе об монданд. Кормандани корхонаи мо бо мақсади ба зудӣ таъмин кардани аҳолӣ бо об муҳаррики захиравиро ба ҷои муҳаррики аз корбаромада шинониданд, вале он низ пас аз як соат корношоям гардид. То таъмири муҳаррики сӯхташуда бошандагони маҳалла ду шабонарӯз аз об маҳрум монданд. Барои минбаъд рух надодани чунин воқеа маъмурияти муассисаи «Хуҷандобуканал» бинои нави насоси обкашӣ сохта, дар он ҷо насоси нави захиравӣ шинонид. Ин имконият медиҳад, ки пеши роҳи  садамаҳо   дар ин минтақа гирифта шавад.
-Дар шаҳри Хуҷанд чанд адад насоси обкаши  болобардор амал мекунад?
-Дар шаҳри Хуҷанд 30 адад насоси обкаши болобардор барои таъмини аҳолии биноҳои баландошён таҷҳизонида шудааст. Ин насосҳо аз соати 5-и субҳ то 24-и шаб кор карда, ба бошандагони биноҳои баландошён об медиҳад. Сабаби пас аз соати 12-и шаб хомӯш гаштани насосҳои обкашии болобардор дар биноҳои баландошён ин баланд гардидани фишори об буда, дар ҳолати кор кардани муҳаррикҳои насосҳо он корношоям мегардад. Аз ин рӯ, насосҳои обкаши биноҳои баландошёни соҳили чап ва қисман соҳили рости шаҳр шабона хомӯш карда мешаванд. Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки сокинони маҳаллаҳои «Чашма-3» ва 26-ум аз рӯи реҷа пагоҳӣ ва бегоҳӣ сесоатӣ бо об таъмин мегарданд, ки ин ҳам сабабҳои худро дорад.
-Пардохти маблағҳои оби истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Давоми ҳафт моҳ пардохти маблағҳои оби истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ 102 фоизро ташкил дод. Агар ба таври дигар гӯем, ба ҷойи 4 миллиону 220 ҳазору 936 сомонӣ, давоми ҳафт моҳ 4 миллиону 320 ҳазору 680 сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки он аз нақша зиёд аст. Қарзи аҳолӣ алҳол аз Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» 1 миллиону 105 ҳазору 423 сомонӣ мебошад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки қарзи аҳолӣ нисбат ба моҳи августи соли 2014-ум 160 ҳазору 475 сомонӣ кам шудааст. Итминон дорем, ки қарзи сокинон сол аз сол коҳиш ёфта, онҳо дар назди давлат бештар масъулият эҳсос менамоянд.
-Солҳои пеш пардохт накардани оби истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ бештар ба назар мерасид ва кормандони муассисаи «Хуҷандобуканал» бо чунин сокинон барои руёнидани маблағи қарз корҳои фаҳмондадиҳӣ мебурданд. Алҳол чунин ҳолатҳо ба назар мерасад?
- Сокинони шаҳр  пеш аз васлкунии таҷҳизотҳои обченкунак аз рӯи шумораи шахсони дар он ҳуҷра ё  ҳавлӣ истиқоматкунанда  мувофиқи меъёрҳои муқарраркардаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» маблағ месупориданд. Алҳол бошад, аз рӯи нишондоди таҷҳизоти обченкунаки ҳуҷра ё ҳавлӣ пардохт менамоянд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои напардохтани маблағи оби истифодашуда аз ҷониби шаҳрвандон ба назар намерасад. Мардум аз рӯи имконият ва масъулият сари вақт маблағи оби истифодашударо мепардозад.
-Ташаккур, барои маълумот.
-Саломат бошед.