(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар шаҳрРӯзи кормандони тиб ҳамасола дар сатҳи баланд дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Имсол низ он дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобов, намояндагони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода табибонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик гуфт. Вай қайд намуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд. Кормандони соҳаи тандурустӣ бо рӯҳбаландии хоса аз сиёсати пешигирфтаи ҳукумати мамлакат баҳри нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ садоқатмандона хизмат мекунанд. Бо дастуру супоришҳои президенти кишвар, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иншоотҳои нави тиббӣ бунёд гардида, муассисаҳои тиббӣ бо навтарин таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гашта истодааст.
-Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад ва ба рушди соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд, - гуфт зимни суханрониаш Раҷаббой Аҳмадзода.
Сол аз сол зиёд шудани ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи дарозмуддати рушди соҳаи тандурустӣ барои эҳтиёҷи муассисаҳои табобатӣ, таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаримтиёз бо дорувории бепул ва дигар имтиёзҳои марбут ба ҳифзи сиҳатӣ нишони эътибори баланд мебошад.
Дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳр ба як қатор фаъолони кормандони тиб ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳунарнамоии санъаткорон анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гашт.