(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Омодагии дифои ҳарбӣ пурзӯр мегардадБо иштироки Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода чанде қабл дар гимназияи рақами 24-уми шаҳри Хуҷанд синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти таълимии ҳарбӣ пешниҳоди машғулиятҳои устодону шогирдон гардида, ба роҳбарияти шаҳр супориш дода шуда буд, ки ин навъ синфхонаҳо дар макотиби дигар низ кушода шаванд.

Инак баҳри иҷрои саривақтии супоришу вазифагузориҳои Раиси вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида, ба ифтихор ва дар арафаи Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ду мактаби миёна – МТМУ №16 ва гимназияи ба номи Гёте синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбиро мавриди истифодабарии устодону толибилмон намуд.

Омодагии дифои ҳарбӣ пурзӯр мегардадРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар рӯзи ба истифода додани синфхонаҳо дар ин ду макони илму маърифат худ бевосита иштирок намуда, ин иқдоми наҷибро қадаме дар ҷодаи пурзӯр кардани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандустӣ номид.

Минбаъд устодон ва мактабиён, хонандагони синфҳои болоӣ метавонанд бо истифода аз лавозимоти таълимии ҳарбӣ машғулиятҳоро аз фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ» беҳтару манфиатовар гузаронанд.