(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тиб самимона табрику муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки тандуруст, сарбаланду саодатманд ва ҳамеша омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошед.
Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд.
Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани  иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиuаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Сино рост меояд.
Ҳар як корманди муассисаҳои тиб, хосатан, табибон асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро китоби рӯимизии худ медонанд. Табибе нест, ки дар рафи ҷевони китоби худ «Донишнома», «Китоб-ун-наҷот», пеш аз ҳама «Ал-қонун фи тиб»-ро надошта бошад. Маҳз асарҳои Синои бузург буд, ки илми тиб «Медиӣина» ном гирифт, ки  маънои он «Мадади Сино» мебошад. Муаллифи «Ал-қонун- фит-тиб» Абӯалӣ ибни Сино саломатии инсонро сарвати бебаҳо номидааст. Чи хеле, ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқотҳои худ иброз медоранд, солимии миллати тоҷик дар сиҳатии ҷомеа мебошад.
Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст.
Қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тан-дурустӣ, хосатан, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барои солҳои 2010-2020, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон», сол аз сол афзудани маблаuгузорӣ аз uамхории ҳамарӯзаи Ҳукумат ва роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷӯҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Сол аз сол вазъи муассисаҳои тиббӣ беҳтар, муҷаҳҳаз кардани муолиҷагоҳу ташхисгоҳҳо бо воситаҳои тиббии навтарин муташаккилонатар мешавад.
Дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад ва муҳимаш дар онҳо беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат кор карда, вазифаи хешро сидқидилона ба иҷро мерасонанд. Ҳамчунин табибони мо бо навовариҳо дар илми муосир ба густариши соҳаи тандурустӣ нақши арзанда мегузоранд.
Эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбиашон таҳният гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.
Ид муборак, табибони шафқат!

 

 Раиси шаҳри Хуҷанд                                              Раҷаббой Аҳмадзода