(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барномаи ҳунарии шаҳри Хуҷанд голиби озмун-фестивалДар асоси нақшаи Вазорати фарҳанг ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе фестивал - озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ ва таронаю рақсӣ бо унвони «Таронаи ваҳдат - 2015» оғоз гашта буд.
Давраи аввал дар маҳал баргузор гардида давраи дуюм дар марказхои вилоят баргузор гашта буд. Давраи ниҳоӣ ин фестивал-озмун аз санаи 10 то 14 августи соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраеви шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои ҳунарии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Файзобод, Рогӯн, Ёвон, Муъминобод Тоҷикобод ва Ишкошим иштирок доштанд.
Тибқи қарори ҳайати ҳакамон барномаи ҳунарии иштирокдорони давраи ниҳоӣ ғолиби озмун-фестивал дониста шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ, дипломи фестивал-озмун, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг супорида шуд.
Барои саҳми арзанда ва дастгирии ҳамаҷониба бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳру ноҳияи дар давраи ниҳоӣ иштирок дошта бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Дастаи ансамбли фолклорӣ-этнографии шаҳри Хуҷанд аз омӯзгорону муҳассилини мактабҳои санъат ансамди рақсии «Парниён» ва ҳаваскорони хонаҳои маданият иборат буд.
Коргардон ва роҳбари бадеии дастаи ҳунармандони халқиро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори хонаи маданияти № 1 Азимҷон Аҳроров ва роҳбарии мусиқиро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон директори мактаби санъати ба номи Л. Шералӣ Даврон Ҳомидов ба зима доштанд.
Қобили қайд аст, ки барои иштирок ва ҳунарнамоии ансамбли фолклорӣ-этнографӣ бо дастгирӣ ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода 45 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст.