(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Спартакиадаи варзишии табибон

Дар варзишгоҳи «Лочин» Спартакиадаи варзишии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд  доир гардид.
Чорабинии мазкур бахшида ба рӯзи табибон,ки ҳамасола санаи 18 август қайд мегардад, баргузор гардид. Табибону кормандони  соҳаи тандурустӣ аз рӯи панҷ намуди варзиш,- футбол, валейбол, шашка, шоҳмот ва  тениси рӯи миз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ ва ҷамбасти ин чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Абдуллозода Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа байни дастаҳои  футболбозон  дастаи Беморхонаи шаҳрии № 1 ба номи Султон Урунов ҷойи аввалро ишғол намуда, дастаи табибони Беморхонаи вилоятӣ мақоми дуюмро соҳиб гаштанд. Дар ҷойи сеюм бошад Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд қарор гирифтанд. Дар намуди валейбол ҳам дастаи Беморхонаи шаҳрии № 1 ба номи Султон Урунов дастболо шуданд. Чойҳои дуюму  сеюм бошад насиби Беморхонаи вилоятӣ ва Маркази вилоятии табобати бемориҳои пӯст гашт.
Дар  Спартакиада дастаи занон  низ фаъол буданд. Аз ҳисоби бонувони табиб ва ҳамшираҳои тиббӣ дастаи валейболбозон  ташкил гардида,  дар намуди тениси рӯи миз ҳаводорони варзиш байниҳам мусобиқа  намуданд.
Доварон ба дастаи занонаи валейболбозони Таваллудхонаи вилоятӣ ҷойи  якум, ба Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ ҷойи дуюм ва ба Таваллудхонаи шаҳри Хучанд ҷойи сеюмро насиб донистанд.
Бонувон дар мусобиқаи тениси рӯи миз низ маҳорати баланд нишон доданд.
Чойи ифтихории якумро дастаи Беморхонаи вилоятӣ ишгол намуд. Бонувон аз Маркази саломатии № 2 шаҳри Хуҷанд ва Маркази  вилоятии  дилшиносӣ бошад ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гаштанд.
Ба ҳамаи ғолибони ин чорабинии варзишии идона медалҳои ифтихорӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва  молиро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Абдуллозода Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода дар лаҳзаи мутантан супориданд.
Спартакиадаи варзишии табибон ҳамсола бахшида ба рӯзи табибон мегардад. Имсол  санаи 18 август табибон иди касбии худро, ки ҳамзамон ба 1035 солагии мутафаккири машриқзамин Абу Алӣ Ибни Сино рост меояд, бо якчанд  чорабиниҳои идона қайд намуданӣ ҳастанд.