(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот бо масъулини ПрокуратураДар асоси барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва нақшаи кории Прокуратураи вилояти Суғд имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Шӯъбаи назорати тафтишотии пешакӣ дар мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Азиз Рустамзода ва Прокурори шаҳри Хуҷанд,мушовири адлияи дараҷаи 1 Арабшо Солизода бо имом-хатибони масоҷиди шаҳр, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, таълимии умумӣ,миёнаи махсус,  раисони кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои занҳо    баргузор гардид.
Максади мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонон ва наврасон, риояи санадҳои ҳуқуқӣ доири танзими расму ойин ва озодии дину эътиқод, масъулияти волидайн дар таълиму тарбия фарзанд, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои террористӣ буда, он дар тамоми корхонаю идораҳо ва ташкилотҳои мухталиф доир мегардад. Азиз Рустамзода ва Арабшо Солизода ба хирон дори тадбирҳои андешидаи ин ниход, саҳми шаҳрвандон дар ин самт, ҳамкории муштараки  манфиатнок дар ин самт изҳори назар намуданд.Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода аз чораҳои амалии имрӯза барои паст намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ходимони дин дар ин самт  бетараф нестанд.
Дар кори маҷлис муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода Муродӣ иштирок намуд.