(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташудаДар доираи Созишномаи кӯмаки башардӯстона - бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ки ба оилаҳои зарардида аз офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ҷ.Расулов ва Айнии вилояти Суғд барои 130 оила аз ҳисоби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маводҳои ғайрихӯрока, аз ҷумла кампал, рахти хоб, болиш, бистар, ҷиҳози обгирӣ, сатили пластмасӣ, бел, каланд, маводҳои ошхонаву гигиенӣ дастрас карда шудааст, бо мақсади ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти дастаҳои миллӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар маҳал рӯзи 5 августи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташуда баргузор гардид. Тавре зимни сӯҳбат раиси бахши вилоятии Ҷамъити Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Парвиз Ҷабборзода ба мо гуфт, дар семинари мазкур зиёда аз 25 нафар, аз ҷумла котибони иҷроияи Ҷамъияти Ҳиҳоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вилоятӣ, шаҳру ноҳиявӣ, дастаҳои миллӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятию шаҳру ноҳиявӣ, кормандону масъулини Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ ва ғайра иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии зикршуда баррасӣ ва муҳокимаи дастовардҳо ва камбудиҳое, ки ҳангоми ба вуқуъ пайвастани офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносони соҳа ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт дастуру пешниҳодҳо манзур карда шуд.