(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКормандони ташкилотҳои бинокорӣ, кули сохтмончиёнро ба муносибати иди касбиашон - Рӯзи сохтмончиён сидқан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям. Барои ҳар яки онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав нисбат медиҳанд. Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки рӯ ба созандагӣ ниҳодани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардондани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардумон аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои  Раиси вилоятамон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва заҳматҳои арзандаи сохтмончиёни гулдаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кӯчаю роҳҳо, бунёд ёфтани даҳҳо иншоотҳои хоҷагии халқ, хиёбону гулгаштҳо, ба мисли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳмон Набиев, қасри варзиш, Кӯдакистони Президентӣ, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва бисёр дигар иншоотҳо, ки ба ҳусни маркази вилояти овозадори Суғд-шаҳри бостонии ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони гулофари сохтмончиён ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.
Нишондиҳандаҳои солҳои охир  гувоҳи онанд, ки сохтмончиёни шаҳр таҳти руҳбаландии беназир аз сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати мамлакат  баҳри гулгулшукуфию сарсабзиҳои диёрамон садоқатмандона меҳнат мекунанд. Ин аст, ки дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳа дарозои солҳои охир на ба ҳисоби фоиз, балки ба маротиб меафзояд, шаҳрамон симои худро дигар мекунад, дилкашу зебо ва назарработар мегардад.
Дар ин рӯзи нек ба сохтмончиён, эҷодгарони симои нави  Хуҷанди  бостонӣ сарбаландию некномиҳо таманно мекунам.
Идатон муборак сохтмончиёни азиз!

Раиси шаҳри Хуҷанд                              Раҷаббой Аҳмадзода