(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.

Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, мудирони шӯъба ва роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ҷаласаи корӣ доир намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд доири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзи гузашта баргузор гардида буд, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки то санаи 10 августи соли равон бояд тамоми муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ ҳамчунин муассисаҳои иҷтимоии шаҳр корҳои омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ба анчом расонда шавад. Мутасаддиёни соҳа ба Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот доданд, ки то имрӯз тамоми муассисахои соҳаи маориф ва тандрустӣ бо маблағҳои лозима таъмин гашта, дар мӯҳлати муқарраргардида, аз иҷрои нақшаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон иттилоъ хоҳанд дод. Дар баробари ин аз санаи 10 август бошад ташкили ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хониш, либоси мактабӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ дар назар аст. Раиси шахр  супориш дод, ки хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо либоси мактабии ройгон таъмин карда шавад.
Шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрӣ вазифадор гардид, ки дар ярмарка гӯшаҳои махсуси намоиши маҳсулоти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва корхонаҳои саноатӣ барои ҷалби харидорон ва қабули дархост ташкил карда шавад. Зикр гардид, ки бояд вазъи имрӯзаи соҳаи саноат, - рушду дурнамои он, ҳаҷми истеҳсолот, иқтидори онҳо, ҳавасманд намудани соҳибкорони маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор дода, омода намудани нақшаи нимсолаи дуюми соли ҷорӣ мувофиқи мақсад аст.
Дар ҳамин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба ҳисобгирии теъдоди кормандони коргоҳҳои мавҷуда аз масъалаҳои муҳими ин таҳлил бояд бошад.
Ба ниҳодҳои молявӣ бошад аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода супориши қатъӣ дода шуд, ки хароҷоти мақсадноки буҷаро назорат намуда, барои сарфа намудани он тадбирҳо андешанд.
Дар кори ҷаласа инчунин дар мавриди вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар доираи иҷрои қарори 500 рӯзи ободонӣ, идомаи сохтмону бунёди майдончаҳои варзишӣ, боғчаи бачагона дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, биноҳои баландошёна аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъкид гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд супориши қатъӣ дод, ки ходимони дин имомони масоҷид низ бояд дар баробари дигар шахсони саховатманду эҳсонкор дар расондани кӯмаки иҷтимоӣ, бунёди манзили истиқоматии ба шахсони эҳтиёҷманду нодор саҳмгузор бошанд.
Инчунин барои таҳкими назорати иҷрои қонуни кишвар дар бораи танзими расму ойин ташкили сафари волидайни наваскарон ба қисмҳои низомии дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.