(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қарори «500 рӯзи ободонӣ» дар амалДар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 №36 «Дар бораи таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омодагӣ ва истиқбол намудани ҷашни номбурда аз 14 апрели соли равон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таҳти № 301 қабул гаштааст.
Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ гаштани ин қарор чандин корҳои ободонию созандагӣ ба сомон мерасанд. Аз ҷумла давоми ду ҳафтаи охир бо маблағгузории бештар аз 90 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, намуди берунии биноҳои баландошёнаи маркази вилоят таъмир гардида, рангубор мешаванд. Кормандону мутахассисони минтақаи ба истифодадиҳии манзилҳои соҳили чапи шаҳр бо истифодаи воситаҳои техникӣ танҳо дар чанд рӯзи охир ба намуди зоҳирии 6 бинои баландошёнаи хиёбони ба номи Исмоили Сомониро намои нав бахшиданд.Ба ин корҳои тармим зиёда аз 10 нафар устоҳои таъмиргар машғул буда, давоми рӯзҳои боқимонда чунин корхо дар дигар биноҳои баландошёнаи шаҳр пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд муасисаи кабудизоркунӣ ва гулкорӣ ба шинондани гулҳои тирамоҳӣ омодагӣ мебинанд. Ҳамзамон тибқи нақша то интиҳои соли равон  ба истифода додани 4 фаввораи замонавии зебо, 20 майдончаҳои варзишӣ, таъсиси 45 корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ва таъмири зиёда аз 100 км роҳ пешбинӣ гаштааст.
Умуман таҳлилҳои пешакӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон наздик 80 иншоотҳои муҳими саноатӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ, тиббӣ, маориф, савдо ва сохтмону хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт