(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мағозаи нави фурӯши либосҳои варзишӣ ифтитоҳ гардидБо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон ва баланд бардоштани маърифати хизматрасонӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон сархати муҳими фаъолият маҳсуб меёбад.
Дар шаҳри Хуҷанд боз як мағозаи фурӯши либосҳои варзишӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз ҷониби ширкати «Тоҷик-Ҷаҳон» мағозаи либосҳои варзиши «Лининг» инбаъд ба харидорон намудхои гуногуни либосу пушокаҳои варзишӣ барои синну соли гуногун аз ширкатҳои маъмули ҷаҳонӣ пешкаш карда мешавад.
Масохати мағоза 350 метри квадратӣ буда, 9 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин дуюмин мағоза дар шаҳри Хуҷанд бо ин ном буда, ҳамагӣ дар ин ду мағоза 18 нафар фаъолият доранд.