(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти бахши бойгонии шаҳр дар ҳафт моҳи имсола.Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 24 майи соли 2010, №356 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2009, №373 «Дар бораи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018»» дар давраи ҳафт моҳи соли 2015 якчанд тадбирҳоро амалӣ намуд.
Бо назардошти зарурати ҳар чӣ зудтар ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳалталаб оид ба рушди минбаъда ва такмил додани кори бойгонӣ, баланд бардоштани нақши ҷамъиятию сиёсии бойгонии байниидоравӣ дар марҳилаи ҳозираи тарақиёти давлатӣ соҳибистиқлол вазифаи аввалиндараҷаи таърихнопазирии тамоми муассисаҳои бойгонии шаҳр, анҷом додани корҳои амалии зерин ҳисобида мешавад. Мақсади асосии Барнома ин таъмини шахсият, ҷамъият ва давлат бо маълумоти бойгоние, ки барои кор ва фаъолияти ҳаётии муваффақонаи онҳо, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки аз ҷониби давлат таҳия ва қабул гардидаанд, гирифтан, истифода бурдан ва паҳн намудани маълумоти бойгонии дар онҳо мавҷудбуда зарур мебошад.
Аз ин ҷода дар давраи ҳисоботӣ ба Бойгони байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд 970-адад дархостҳои шаҳрвандон оиди гирифтани маълумотномаи бойгонӣ дар бораи тасдиқи собиқаи корӣ ва музди меҳнат дар солҳои фаъолияти кориашон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора ба 899-адад дархостҳо 2408-адад маълумотномаҳои бойгонии мусбии иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ тайёр карда шуда, ба 53-адад муроҷиатҳо, ки бо сабаби нопурра омада расидан ё набудани ҳуҷҷатҳо дар баъзе корхонаю ташкилотҳо ҷавобҳои манфӣ гардонида шудаанд, 4-адад дархостҳо дар ҳолати иҷроиш қарор дорад ва 14 нафар дархосткунандагон маълумотномаи тайёркардашударо нагирифтаанд ва ё ҳангоми иҷроиш дархосташонро рад намудаанд.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо Бойгони байнидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайти шахсии шаҳри Хуҷанд оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигаҳдории давлатӣ супоридани онҳо» дар корхонаи «Хуҷандторгмаш», корхонаи фаърии истеҳсоли тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд, Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд, ҶДММ ВТ- СИЛК, ҶДММ ТЕКСТЛ-СИТИ, КВДК “Хизматрасонии нақлиётӣ санитарӣ”, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Беморхонаи ФизиотерапетииҶумҳуриявӣ ба номи Абдусаттор Нурматов, ЧСШК “Баракат” ва Иттиҳодияи  истеҳсолии “Наврӯз”санҷиш гузаронида шуд ва оид ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда, ки муҳлати нигаҳдориашон ба охир расидааст, барои коркарди илмӣ – техникӣ, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва ба нигаҳдории давлатӣ супоридани онҳо тавсия дода шуд.
Ҷиҳати иҷрои банди 1-и қарори мазкур барои маблағгузории чорабиниҳои барномавӣ бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ барои солҳои 2010-2018 70 ҳазор сомонӣ ва аз ҷумла, барои солҳои 2010-2015 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба 5 ҳазор сомонии барои соли 2010 ҷудо гардида, таҷҳизоти огоҳӣ-оташнишонӣ харидорӣ карда шуда, дар махфузгоҳҳо васл карда шудааст.
Дар соли 2015 бошад бо дастгирии Раиси шаҳр муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои солҳои 2011-2015 35.000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавии шаҳр ба бойгони байниидоравӣ ҷудо карда шуд, ки то имрӯз аз ин ҳисоб ба маблағи 7124 сомонӣ ду компютер, принтер бо дастгоҳи нусхабардорӣ ва ба маблағи 3255 сомонӣ мизу курсӣ ва ҷевон барои утоқи корӣ харидорӣ карда шудааст.
Тибқи иҷроиши банди 2-и қарори мазкур дар Бойгони байниидоравӣ барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва корбарӣ дар самти беҳбудии ҳолати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст.
Мавҷудият ва ҳолати 3000 парвандаҳо санҷида шуда, варақҳои хирагашта ва нобудшудаистодаи онҳо аз нав барқарор карда шуданд. Барои гузаронидани ҳуҷҷатҳо аз маводи коғазӣ ба маводи электронӣ корбарӣ рафта истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ баъди бо масъулини корхонаю ташкилотҳо оид ба нигоҳдории давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон дар бойгонҳои идоравӣ гузашта, корбарӣ намудан ба бойгони байниидоравӣ аз 11 ташкилотҳо ва идораҳо 1516 парвандаҳо қабул карда шуданд.
Бойгони байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд дорои 129 хазина буда, шумораи парвандаҳои нигоҳдошташаванда 55477 адад мебошад.
Бойгонӣ бо ҷиҳозҳои дизенфексионӣ таъмин буда, мувофиқи меъёр дизенфексияи ҳуҷҷатҳо гузаронида шуда истодаанд.
Номгӯи корхонаҳое, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранду манбаи ғанигардонии бойгони байниидоравӣ мебошанд, тартиб дода шуда бо ин корхонаю ташкилотҳо оид ба нигҳдории давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ва ғанигардонии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ рафта истодааст.