(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мағозаи дару тирезаҳо бо технологияи олмонӣ.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯш ва қабули дархост барои сохтани дару тирезаҳои бо технология олмонӣ ифтитоҳ гардид.
Назар ба маълумоти масъулин, мағозаи мазкур дар доираи лоиҳаи «Мусоидат барои рушди соҳибкории хурд дар риштаи сарфаи неруи гармӣ», аз ҷониби ташкилоти «Агроаксияи Олмон» амалӣ мегардад.
Маҳз бо ин намуди технологияи олмонӣ сохта шудани дару тирезаҳои чӯбӣ имкон медиҳад,ки барои нигоҳдории гармӣ маводи сӯхт камтар сарф  шуда, он барои муҳит низ безарар аст. Назар ба ташхиси мутахассисон дару тирезаҳои номбурда аз 15 то 30 % ҳарорати мувофиқи хонаро вобаста ба фасли сол бештар эҳтиёт менамояд.
Ҳангоми кушодашавии мағоза муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов барои ин иқдоми нек аз номи Раиси щаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ташкили ин мағоза барои сифатан беҳтар гаштани рақобати маҳсулоти хонасозӣ мусоидат менамояд. Ташкилоти «Агроаксия Олмон» дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз соли 1994 фаъолият бурда асосан лоиҳаҳои самти кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурд, сарфаи нерӯ фаъолият мебарад.