(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар кӯчаи қадимаи шаҳр мушкилот ҳал шуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Ҷ. Зокир иштирок намуд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинону пирони ин кӯчаи қадимаи маркази вилоят мулоқоти самимӣ анҷом дод.
«Кору амалҳои созанда, ки барои беҳбудии зиндагӣ ва ободии сарзамини мардуми мо ба анҷом мерасад, аз дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Шумо шоҳид ҳастед, ки шаҳри бостонии Хуҷанд бо шарофати ин роҳнамоии сарвари кишвар ободу зебо мешавад. Мо азм дорем нақшаҳои дар доираи идома додани соли роҳҳои обод ба зимма гирифтаамонро имсол низ бо сифат ба анҷом расонем. Зеро ташаббуси Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи идома додани  соли роҳҳои обод, байни мардум дастгирии ҳамаҷониба ёфтааст.»- қайд намуд хангоми сӯҳбат бо мардуми ин маҳал Раиси шаҳри Хуҷанд. Лозим ба ёдоварист, ки сокинони кӯчаи мазкур барои ҳалли мушкилоти чандинсолаи худ,- ҷамъшавии об дар мавсими боришот ва душворгузар гаштани кӯчаю зиёдшавии намии манзилҳояшон, дар оғози соли равон ба Раиси шаҳр муроҷиат намуда буданд.
Чуноне, ки қаблан маълумот дода будем, барои ҳалли ин мушкилот бо пешниҳоди мутахассисон дар кӯчаи мазкур ҷуйи оброҳа кофта шуда, як ҳавз барои  ҷамъшави об кофта шуда буд. Ҳоло муассисаи давлатии роҳсозии шаҳри  Хуҷанд  ният дорад то интиҳои ҳафта кӯчаи мазкурро пурра ва бо сифати баланд асфалтпӯш намояд. Масофаи роҳ наздик 500 метр буда, масоҳати умумии корҳои асфалтхобонӣ ду ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад. Маблағгузории корҳои ободонӣ аз хисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад
Сокинон барои халли мушкилоти чандинсолаи худ ва обод гаштани кӯчаи худ ба давлату ҳукумат изҳори сипос намуданд.