(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣИмрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбаритяи прократура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ коммисариати ҳарбӣ,ҳолатҳои фавқулодда, раисони кумитаҳои маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ғайра баргузор гардид.
Кори ҷаласаро бо суханони ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда ҳозиронро бо тағийроти кадрии сохторҳои қудратии шаҳри Хуҷанд ва ҳайати нави Шӯрои номбурда шинос намуд.
Бо фармонҳои сохторҳои дахлдор ба вазифаи сардори Коммисариати ҳарбӣ Эҳсон Ғанихӯчаев, сардори Идораи нозироти андоз Аҳлиддин Давлатов ва Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Солизода Арабшоҳ таин шудаанд, ки ҳамзамон шахсони зикргардида ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шомил гардиданд. Ба баррасии кори ҷаласа масъалаҳои вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонони соли таваллудашон 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ, иҷроиши «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва роҳҳои пешгирии он гузошта шуд.
Аз рӯи масалаи якум муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода баромад намуд. Номбурда доири сатҳу сифати даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ дар мавсими баҳори гузашта, корҳои дар ин самт ба сомон расондашуда ва нақшахои минбаъда ба ҳозирон маълумот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳафт маҳаллаи шаҳр воҳидҳои кори масъули мизи ҳарбӣ ҷудо карда шуда, дар сурати  нишондоди натиҷаи самаранок ингуна воҳиди корӣ дар дигар маҳаллаҳо низ муқаррар карда мешавад.
Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки аз натиҷаҳои даъвати баҳорона хулосагирӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида шавад. Ҳамчунин дар телевизионҳои маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доири сари вақт ҳозир шудани ҷавонони синни даъватӣ ба коммисариати ҳарбӣ бештар карда шуда, сафари волидайни наваскарон  бо роҳбарии масъули мақомоти маҳаллӣ ба қисмҳои низомии минтақаи ҷануби кишвар ба нақша гирифта шавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба сардори коммисариати ҳарбии шаҳр супориш дод, ки то санаи якуми сентябр ҳолати таъмини синфҳои тайерии ҳарбиро дар тамоми мактабҳои шаҳр таҳлил намуда,  барои таъминоти онҳо бо воситаҳои таълимӣ  барои ин фанн кӯмаки амалӣ  расонад . Мудири шӯъбаи маорифи шаҳр  Саидмухтор Ҷалолов ба ҳозирон маълумот дод, ки дар 35  муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони касбӣ аз омодагии ҳарбӣ барои наврасон дарс мегуянд. Дар дабистонҳои боқимонда бошад алҳол омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ ба хонандагон аз фанни омодагии ҳарбӣ таълим медиҳанд.
Аз рӯи масъалаи дуюм дар назди ҳозирон сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов маълумот дод.
Номбурда қайд намуд, ки дар муддати 6 моҳи соли равон 548 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гиифта шудааст,ки ин нисбати соли сипаригашта 227 ҳолат зиед аст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нисбати 90 нафар волидайн барои ҳуқуқвайронкунии фарзандонашон парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ба қайд гирифта шудани 19 ҳолати авбошӣ кам гаштани ин намуди ҷиноятро нисбати соли гузашта нишондиҳандаи  нисбатан хуб аст, зеро ин намуди қонунвайронкунӣ дар соли сипаригашта 54 маротиба содир гашта буд.
Масъалаи дигари ташвишовар ин тартибот ва интизоми ҳаракати нақлиет дар маркази вилоят аст. Мувофиқи маълумоти имрӯза дар шаҳри Хуҷанд 18 260 воситаи нақлиет ба қайд гирифта шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят 89 хатсайр хизмат мерасонад. Аз ин теъдод танҳо 18 хатсайри мусофиркашонӣ ҳуқуқ дорад ба кӯчаи Шарқи мавзеи Панҷшанбе ворид шавад. Лек таҳлили имрӯза нишон медиҳад, ки имрӯзҳо нақлиети 41 хатсайр  вориди ин кӯчаи серодами марказӣ мешавад.
Маҳз ин ҳолат барои тамбашавии нақлиет бенизомии онҳо, зиед гаштани қоидавайронкунии пиедагардон ва нақлинт мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти бозорҳои дар ин мавзеъ ҷойгиршуда ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дод, ки баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои амалӣ андешанд.
Баъдан тибқи масалаи сеюм муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов баромад намуд.
Мавсуф бобати риояи санаду меъерҳои ҳуқуқии кишвар бобати истифодаи мақсадноки замин ва бунеди иншоотҳои мухталиф дар ҳудуди маркази вилоят маълумот дод. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки агарчанде аз 147 ҳодисаи тасарруфи ғайриқонунии замин 42 ҳолат ба вазъи аввала баргардонда шуда бошад ҳам лек боз дар ин самт корҳо хеле зиед аст.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири иҷроиши амри Раиси шаҳр бобати ба либоси ягонаи мактабӣ гузаштани муаасисаҳои таълимӣ, марказхои савдо ва бозорҳои шаҳр аз муовини Раиси шаҳр Умеда Бурҳонзода Муродӣ пурсиш ба амал овард.
Ба роҳбарони бозорҳои Хуҷанд даҳ рӯз мӯҳлат дода шуд, ки тамоми фурӯшандаҳо бо либоси ягона таъмин гардида иҷроиши ин амр дар мӯҳлати муқарраргардида таъмин гардад.
Ба роҳбарияти  муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки то санаи 10 сентябр таълимгоҳхои худро ба мавсими зимистон пурра омода намоянд.
Баъдан дар музокира Прокурори шаҳр Солеҳзода Арабшо ширкат намуда, доири даъвати босифати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, ҷалби бештари онҳо ба таълимгоҳхо  ва толорҳои варзишӣ изҳори назар намуд.
Дар мавриди иҷроиши барномаи давлатии мубориза ба зидди ҷинояткорӣ Прокурори шаҳр ҳозиронро даъват намуд, ки барои беҳтар намудани вазъ дар ин самт ҳамкориро бо ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бештар намоянд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд дар интиҳо доири таҳкими қонуният назорати ҳатмии онро аз идораи дахлдор ва фаъолон даъват гардид.