(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Сайри харбуза» дар Хуҷанд.Шоми дирӯз дар маҷмаи таърихӣ ва фарҳанги фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ «Сайри харбуза» доир гардид.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Назира Абдуллозода Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Ба чорабинӣ ҳамчунин меҳмонони хориҷи кишвар, ки ба ярмаркаи иқтисодии «Суғд-2015» даъват шуда буданд, ширкат намуданд.
Дар саҳни ҳавлии боғи фарҳангӣ  ноҳияҳои кишрварзии вилоят, ноҳияи Спитамен, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Конибодом чанд намуди харбузаҳои ширинро ба намоиш гузошта, аз ин намуди меваи полезӣ дастурхонро оро дода буданд. Ҳамчунин ба ҳаводорони ин намуди мева шаклҳои ороиш ва пешниҳоди харбуза манзур гардид.
Ҳамчунин меҳмонон мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандиро зиёрат намуда, хона-музеи ин орифи бузург ошно гаштанд. Ба меҳмонон тарзи ороиши  манзили мардуми маҳаллӣ, анъанаҳои суннатӣ, хурокпазӣ, меҳмондорӣ ва ҳунарҳои бофандагӣ писанд гардид.