(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки журналисти ҷавон дар форуми байналмиллалии парлумони ҷавононАз санаи 27 июн то 4 июли соли равон дар шахри Маскав аввалин Форуми байналхалқӣ тахти унвони "Муколамаи шаҳрвандӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ ва дӯстии халқҳо" дар доираи лоиҳаи Парлумони ҷавонони назди Думаи Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур, аъзои Парлумони ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Приднестровскии Молдова ва шаҳру навоҳии Русия ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ҳафт нафар аъзои Парлумони ҷавонони кишвар муаррифӣ намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҷавонон бо раиси Думаи вилояти Маскав Игор Бринсалов, раиси Думаи шаҳри Москва Алексей Шапошников, муовини Раиси Думаи давлатӣ Сергей Железняк сӯҳбат намуда доири дастгирии ҷавонон дар кишварҳояшон ва таҳкими дӯстии ҷавонони ин кишварҳо изҳори назар намуданд. Чун яке аз ҳадафҳои ин ҳамоиш имзои қарордод оид ба ҳамкории байни парлумонҳои ҷавони кишварҳои ҳудуди Авруосиё буд, чун ҳуҷчати ниҳоии ин чорабинии байналмиллалӣ он қабул кардид. Иштирокдорони ин чорабинӣ ҳамчунин имкон доштанд бо роҳбари ҳизби Либералӣ-демократии Федератсияи Руссия Владимир Жириновский сӯҳбату муколама намоянд.
Бахри ҳамкориҳои сиёсатмадорони ҷавони Арманистон, Белорусия, Русия ва Точикистон қадами аввалин гузошта шуд. Ташаббуси Шӯрои парлумони ҷавонон расман дар аввали моҳи сентябр эълон мегардад.
Иштирокчии ин чорабинии байналмиллалӣ журналисти ҷавон, Зебоҷон Қурбонова андеша дорад, ки ин имконият маҳз тавассути ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам оварда шудааст. Зеро сиёсати сарвари кишвар ба он нигаронда шудааст, ки ҷавонони барои ояндаи сазовор ва пешрафти ватани маҳбубамон аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.
Лозим ба қайд аст, ки иштироки аъзои парлумони ҷавонон Зебоҷон Қурбонова дар аввалин Форуми байналхалқии ҷавонон таҳти унвони "Муколамаи шаҳрвандӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ ва дӯстии халқҳо" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имконпазир гардид.