(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Ҳафтаи поси хотир: ҲЕҶ  КАС  ВА  ҲЕҶ  ФАРОМӮШ  НАМЕШАВАДДар доираи «Ҳафтаи поси хотир» тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи навбунёд дар маҳаллаи 29-уми шаҳр ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  Маъмур Акрамов гузошта шуд.

Ба ин муносибат бо иштироки фаъолони шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва пайвандони М.Акрамов ҷамъомад баргузор гардид.

Нахуст назди ҳозирин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бобоҷонова М баромад карда, оид ба қаҳрамониҳои бузурги фарзандони тоҷик дар солҳои ҷанги мудҳиши ҷаҳон барои ба даст овардани Fалаба дар ҶБВ ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки яке аз чунин фардони бонангу номуси солҳои ҷанг Маъмур Акрамов буданд, ки барои озод кардани Ватан аз дастони фашистони хунхор сина сипар намудаанд. Месазад, ки корнамоиҳои бобоёну падарони шуҷоатманду далер мояи ифтихори насли имрӯз ва намунаи ибрат барои наврасону ҷавонон бошад.

Ҳафтаи поси хотир: ҲЕҶ  КАС  ВА  ҲЕҶ  ФАРОМӮШ  НАМЕШАВАДДар ҷамъомад нотиқони дигар низ аз зиндагиномаи ибратбахшу намунавии М.Акрамов ибрози ақида карда, гузоштани номи бузурги эшонро ба ин кӯча тақозои давру замон номиданд.

Маҳз бо чунин амали хайр метавон номи неку кори бузурги гузаштагонро ҷовидон гардонд ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият намуд.