(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Корҳои ободонӣ Хуҷандро зебо мегардонанд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми ду ҳафта дар ҳудуди шаҳр бо ҳамдастии сокинон ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо  дар интиҳои ҳафта ҳашари умумишаҳрӣ доир мегардад. Дар баробари ин таъмиру тармими объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯчаю хиёбонҳо, воситаҳои равшанидиҳии шаҳр идома ёфта шинондани гулҳои тирамоҳӣ оғоз ёфтаанд.
Давоми ду рӯз дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби гулкорони идораи кабудизоркунӣ ба миқдори 4000 дона гули тирамоҳӣ шинонда шуда, омода намудани майдонҳои гулкорӣ барои шинонидани  навҳои гуногуни гулҳои тирамоҳӣ идома дорад. Ҳамчунин дар баробари тоза кардани ҷӯйборҳои қадди роҳҳои асосии шаҳр, корҳои таъмири ва тоза кардани ҳавзҳои фаввораҳои маҷмааи муҷассамаи И.Сомонӣ, муҷассамаи А.Рӯдакӣ ба сомон расонда шуд. Кормандони муассисаҳои ободонӣ корҳои азнавсозии фаввораи маҷмааи Камоли Хуҷандӣ дар кӯчаҳои К.Хуҷандӣ ва хиёбони И.Сомонӣ идома доданд.
Идораи чароғонкунӣ бошад давоми рӯзҳои зикргардида воситаҳои равшандиҳандаи кӯҳнаро ба фурӯзонакҳои намуди «Днат» дар кӯчаи ба номи Султон Умари аз гардиши давраи буриши кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то тарабхонаи Дӯсти Амирхон пурра иваз намуданд.