(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боз як фаввораи Хуҷанд азнавсозӣ мешавад.Дар баробари ободу зебо нигоҳ доштани маркази вилоят тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми моҳи равон азнавсозии чанде аз мавзеҳои фароғатии сокинон ба нақша гирифта шудааст. Яке аз онҳо фаввораи назди ҳайкали К. Хуҷандӣ дар шоҳроҳи ба номи И. Сомонӣ аст.
Фаввораи мазкур давоми ду ҳафта аст, ки бо меҳнати мутахассисону кормандони Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ мешавад. Аз рӯи лоиҳа фаввораи мазкур тарҳи нав гирифта, он чароғакҳои ранга ороиш дода мешавад.  Фишори оби фаввораҳо низ баландтар шуда, он аз қисмат  иборат хоҳад буд. Баландии он бошад зиёда аз панҷ метр гашта, интизорӣ меравад намои хуштарҳу фаввораҳои ҷолиби он ба мавзеи номбурда ҳусни ҷадид зам хоҳад кард. Сохтмончиён ният доранд давоми даҳ рӯзи дигар корҳои азнавсозиро ба анҷом расонда, ин  фаввораи зеборо мавриди истифода қарор диҳанд.