(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр бо сокинони маҳалли азнавсохташаванда сӯҳбат намуд.Дар асоси накшаи генералӣ ва лоиҳаи азнавсозии кӯчаю хиёбонҳо дар маркази вилоят сохтмону бозсозии чандин иншоотҳои муҳим ва бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони бинои дуошёна, ки дар кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ № 134 аст, мулоқот намуд.
Бинои мазкур тибқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо мақсади васеъ намудани кӯчаи ба номи К Хуҷандӣ ва аз байн бурдани биноҳои мӯҳлати истифодаашон ба охир расида, бояд азнавсозӣ шавад.
Дар асоси нақшаи номбурда ва тасдиқи Шӯрои шаҳрсозӣ ба ҷойи бинои мазкур аз ҷониби Ширкати сохтмонии ҶДММ «Эҷод» бунёди як бинои 12 ошёнаи 54 ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо бошандагони маҳаллаи мазкур таъкид намуд, ки лоиҳаи бинои нав ба ғайр аз воситаҳои алоҳидаю мустақили гармидиҳӣ ва бо барқ таъминкунанда, сохтмони таваққуфгоҳ ва майдончаи варзиширо низ дар бар мегирад. Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар ин бинои баландошёна, боғчаи кӯдакон, маркази савдо ва маҳфили ҳунарӣ низ фаъолият хоҳад дошт.
Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки дар бинои нави баландошёнаи истиқоматӣ пеш аз ҳама сокинони хонаи № 134 кӯчонда шуда, баъдан хонаи онҳо вайрон карда мешавад.
Дар баробари ин соҳибкорон пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷандро дар мавриди барои ҳар як сокини аз бинои кӯхга ба бинои нав кучондашуда зиёд намудани масоҳати хонаҳои онҳо ба ҳаҷми 20 метри квадратӣ дастгирӣ намуда, ваъдда доданд, ки ин пешниҳод дар қарордоди соҳибкорон бо бошандагони бинои номбурда зикр хоҳад ёфт.
Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорон супориш дод, ки доири риояи ҳатмии талаботи сохтмонӣ, техникаи бехатарӣ, иҳотаи майдони сохтмон  ва ҷалби корҷӯён аз ҳисоби сокинони маҳалли наздики сохтмон эътибори ҷиддӣ диҳанд.