(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар гузари «Кӯпруки баланд» чойхона азнавсозӣ шуда, боғчаи кӯдакон бунёд мегардад

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон мақомоти маҳаллӣ кӯшиш менамояд дархост ва муроҷиати шаҳрвандонро сари вақт ҳаллу фасл намояд.
Рӯзи қабули шаҳрвандон якчанд сокинони гузари «Кӯпруки баланд»-и маҳаллаи «Чорчароғ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои мусоидат ва дастгирии таъмиру азнавсозии чойхонаи маҳалла муроҷиат намуда буданд.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинон, роҳбарони сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, кумитаи замин, муасссисаи ободонӣ ба чойхонаи гузари «Кӯпруки баланд» омад.
Сокинони ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмирталаб будани чойхонаи ин гузар маълумот дода изҳор намуданд, ки дар сурати дастгирии макомоти маҳаллӣ онҳо низ тариқи ҳашар барои ободонии ин чойхона саҳми худро хоҳанд гузошт. Раиси шаҳри Хуҷанд барои таҳияи лоиҳаи нави азнавсозӣ ва таъмири бинои чойхона ва саҳни ҳавлии он обод намудани мавзеи атрофи чойхона ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз бинои собиқ анборхонаи идораи маорифи шаҳр низ дидан намудл, ки таи чанд сол инҷониб бинобар комилан фарсуда гаштани он истифода намешавад. Бинои мазкур соли 1935 бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба мутасаддиён дастур дод, ки маблағгузории бунёди боғчаи бачагонаи нави муосирро барои кӯдакони ин маҳалла дар соли оянда ба нақша гиранд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки лоиҳаи бино барои 200 нафар кӯдак омода гардида, сохтмони он бошад бояд соли 2016 оғоз гардад.
Сокинон барои ин таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба ҳукумату давлат изҳори сипосмандӣ намуданд.