(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр шахсони бемор ва ниёзмандро аёдат менамояд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабаргирӣ ва расондани кӯмаки идона дар рӯзҳои таҷлили ид ба ҳукми анъана даромадааст. Давоми чанд рӯз аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масъулини воҳидҳои сохторӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба қишри ниёзманди сокинони маркази вилоят кӯмаки моддӣ мерасонанд.
Бахшида ба фарорасии Иди саиди Фитр давоми ду рӯз аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз холи чанде аз сокинони эҳтиёҷманди шаҳр хабар  гирифта ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ мерасонад.
Имрӯз низ Раиси шаҳри Хуҷанд даҳ нафар аз шахсони ниёзмандро аёдат намуд. Аёдати Раиси шаҳр аз хабаргирии ҳоли, сокини кӯчаи Лоҳутӣ ҷавондухтари 17 сола, - Зоидбоева Шаҳноза оғоз гашт, ки бемории ҷароҳати пӯст дорад. Раҷаббой Аҳмадзода аҳли пайвандон ва Шаҳноза Зоидбоеваро бо фарорасии Иди Фитр табрик намуда, умедвори сиҳатмандии ин ҷавондухтар гашт.
Агарчанде волидайни Шаҳноза чанд маротиба кӯшиш намуданд барои муолиҷа маблағи кофӣ ҷамъоварӣ намоянд, лек то ҳол он бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Барои муолиҷаи марҳилаи аввал наздик 70 ҳазор сомонӣ зарур аст ,ки он дар шаҳри Москва имконпазир аст. Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод, ки барои муолиҷаи Шаҳноза Зоидбоева имкониятҳоро омӯхта, пешгиҳод омода намоянд.
Баъдан Раиси шаҳр ба оилаи Ғаниевҳо омад. Оилаи мазкур фарзанди худ Ғаниева Дилбарро парасторӣ доранд, ки маҷрӯҳи гурӯҳи як буда қобилияти роҳгардӣ ва суханронӣ надорад. Баъди ҳолпурсӣ аён гашт, ки фарзанди калонии хонавода мохи август тӯйи арӯсӣ дошта оилаи мазкур имрӯзхо барои тӯйи хонадоршавии духтарашон омодагӣ мебинанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шӯъбаҳои дахлдор супориш дод, ки барои баргузории тӯйи фарзанди ин хонавода кӯмак расонанд.
«Имрӯз сиёсату супориши Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор намудааст, ки барои чунин оилаҳои эҳтиёҷманд беш аз ҳама кӯмаки ҳамарӯзаи мақомоти маҳаллӣ расонда шавад. Шумо имкон доред ҳамеша ба дастгирии давлату хукумат такя намоед»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд ба шахсони аёдатшуда.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми ду рӯзи охир танҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 20 нафар чунин шахсон аёдат карда шуда, барои ҳамаи онҳо кумаки яквақтаинаи моддиӣ иборат аз маводи хӯрока дастрас карда шуд.