(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Корхонаи ресандагии Хуҷанд фаъолитяи худро бо 500 ҷойи корӣ оғоз менамоядХуҷанд яке аз марказ ва  шаҳрҳои саноатии кишвар маҳсуб ёфта, тараққиёту рушди он барои пешрафти мамалакат назаррас аст.
Яке аз корхонаҳое, ки тибқи супориши Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд пахтаи ватаниро коркарда намуда, дубора фаъолитяи худро роҳандозӣ намояд, ин корхонаи «Каабоол Тоҷик-текстайлз» аст.
Баъди баррасии чанд лоиҳаи азнавбарқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои эҳё ва азнавсозии дар ин корхона шурӯъ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корхонаи мазкур бо ҳамроҳии масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омад. Корхонаи муштараки мазкур, ки давоми чанд соли фаъолият нахи пахта ва матои босифат истеҳсол менамуд аз соли 2008 аз фаъолият монда буд. Дар корхона зиёда 2300 нафар дар се баст машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур ҶСШП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» таъсис ёфта, зиёда аз 70 нафар мутахассисон ба корҳои барқарор намудан ва ивази қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти мавҷуда машғуданд. Корҳои омодасозӣ ба фаъолияти дубора бо роҳбарии мутахассисони олмонӣ аз ширкати «BIMAKO» сурат гирифта, то имрӯз корҳои асосии накшавӣ дар марҳилаи анҷомёбианд.
Корхона ният дорад баъди анҷоми корҳои азнавсозӣ дар марҳилаи аввал истеҳсоли нахи пахтаро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафарро бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки қаблан ба кор бояд онҳое даъват шаванд, ки қаблан дар ин коргоҳ фаъолияти меҳнатӣ доштанд. Ҳамчунин барои бозомӯзии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Коргоҳ ният дорад то интиҳои охири моҳи равон корҳои омодасозиро ба анҷом расонда, аз нимаи моҳи август фаъолияти худро дубора оғоз намояд.