(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷчи Акбар аст.

Амалҳои хайру эҳсон дар моҳи Шарифи Рамазон яке суннатҳои мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Дар паёми телевизионии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба фарорасии моҳи Шарифи Рамазон дар оғози ин моҳ таъкид намуда буд:
«Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирони кишварамон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар моҳи шарифи Рамазон аъмоли неку писандидаи худро густариш бахшида, бо саховату ҷавонмардӣ ба дигарон дарси ибрат медиҳад ва дар баробари ин, ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, осоишу оромӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва рушду пешрафти кишвар талош меварзад.»
Бо мақсади амалӣ гаштани ин дастуру ҳидояти сарвари кишвар Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳалли мушкилоти як оилаи ниёзманд мусоидат намуд. Давоми чордаҳ сол инҷониб Анвар Миркамолов бо ҳамсару ду фарзанди ноболиғи худ бинобар маҳдудияти шароит, манзили доимии худро надоштанд. Анвар Миркамолов аз сини чаҳорсолагӣ аз падару модар маҳрум гашта дар парастории модаркалонаш буд. Баъди оиладор шудан бинобар мавҷуд набудани шароит, аз ҳавлии хешовандонаш кӯчида иҷоранишин шуд. Ҳамсараш низ барвақт аз волидайн маҳрум гашта, аз рӯи имконияташ хоҳараш кӯмак менамуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода ҳамроҳи Ширкати сохтмонии «Иморатсоз» рӯзи гузашта калиди хонаи ду ҳуҷрагиро ба ин оила супорида онҳоро бо манзили нав табрик намуд.
Анвар Миркамолов ва ҳамсараш барои ин дастгирии ғайричашмдошт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипос ва минатдории бепоёни худро баён намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки ба ивази ин кӯмак барои пешрафту ободии диёр хизмат хоҳанд кард.