(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Даъвати баҳорона ҷамбаст гардид.Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода даъвати баҳории имсола ба хизмати ҳарбӣ натичагирӣ карда шуд.
Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҳикматулло Баротов аз  даъвати баҳории ҷавонони соли таваллудашон 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ хисобот дод.
Гусели аввалин гуруҳи ҷавонони 40 нафар санаи 2 апрел сурат гирифта буд. Инҳо ҷавононе буданд, ки бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Барои аз хизмат саркашӣ кардан нисбати 1 нафар даъватшаванда мавод тартиб дода шудааст. Даъвати баҳори аз 1 апрел то 31 май ҷараён дошт.
Раиси комиссияи даъват Иброҳим Иброҳимов аз рафти даъвати баҳорона ёдовар шуда,  фаъолияти пурсамари нозирони минтақавии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои «Чашми арзана», «Мевагул», «Навбаҳор», чун намунаи ибрат арзёби кард.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар сурати фаъолияти натиҷабахши мутасаддиёни дигар маҳаллаҳо барои боз ҳам пештар иҷро намудани нақшаи даъвати мконият мавҷуд буд.
Новобаста аз сари вақт иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба чанд камбудиҳо дар ин самт мавчуда аз қабили саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, пинҳон кардани фарзанд аз ҷониби волидайн, ки то ҳол ба чашм мерасад изхори нигарони карда, чихати бартараф кардани ин камбудихо масъулинро вазифадор намуд. Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҳикматулло Баротов ваъда дод, ки камбудиҳое ки дар даъвати баҳорӣ ба назар мерасиданд,  дар даъвати тирамоҳӣ такрор нахоҳанд шуд.
Барои беҳтар кардани сифати даъвати тирамоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки аз хозир корхои ташвиқотӣ барои даъвати тирамоҳӣ оғоз гардад.
Дар ҷамбаст Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ кормандони комисариати ҳарбии шаҳр, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулинро қадрдонӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавнописарон ба хизмати ҳарбӣ санаи 14 май 100% иҷро гардид.