(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муассисаҳои тиббӣ сифати хизматрасониро баланд мебардоранд.Ҳифзи сиҳатии мардум, боло бурдани сатҳи муолиҷаю табобати сокинон яке аз максадҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда он зери таваҷҷӯҳи бевоситаи сарвари мамалакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади амалӣ гаштани ин дастуру ҳидоятҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сари вакт омода гаштани муассисаҳои тиббӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2015-2016 дар маркази вилоят корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Назар ба маълумоти шашмоҳаи соли равон барои таъмири беморхонаи шаьрии №2 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини шудааст ва то имрӯз таъмир идома дорад.
Баъди таъмири хушсифат Стансияи ёрии таъҷилӣ фаъолияти худро бо шароиту имконияти беҳтару бештар идома хоҳад дод. Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар марказьои саломатии №3, 4, 5 ва 6 ҳуҷраҳои духтурони дандонпизишки бачагона ташкил карда шуда, барои омода намудани ин ҳуҷраҳои табибон 20000 сомонӣ ҷудо гардид.
Дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва таъмири бинои маъмурият, ошхона ва ҷомашуйхона ба анҷом расонда шуд. Дар баробари ин таъмири шӯъбаи 2-юми беморхонаи мазкур ба охир расида, таъмири шӯъбаи 1-ум идома дорад. То имрӯз аллакай ба ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону таъмир ба анҷом расонда шудаанд. Дар умум барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таъмири ташкилоту муассисаҳои беҳдошти саломатии маркази вилоят 1341622 сомонӣ аз ҳисоби Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.
Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз тамоми муассисаҳои тиббии шаҳр бо ангиштсанг таъмин гашта, захираи кофии ин намуди сӯзишвори дар мавсими зимистонгузаронӣ харидорӣ намудаанд. Бо ин мақсад аз буҷаи шаҳрӣ барои ангишт 148062 сомонӣ ҷудо гардидааст.