(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар олами бачагон: Дурахши истеъдодҳои наврасДар мактаби бачагонаи мусиқии №2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов озмуни мактабии “Истеъдодҳои наврас” дар ҷодаи навозандагии касбӣ баргузор гардид. Дар озмун 21 нафар хонандагони синфҳои 1-5 иштирок карданд. Озмун аз рӯйи созҳои мусиқии флейта, фортопиана, гитор, рубоб, аккордион, доира, чанг, най ва рубоби афғонӣ доир гардид. Хонандагон бо маҳорати хуби ҳунарӣ, ки аз устодонашон омӯхтаанд, оҳангҳои ҷолибро навохта, диққати аҳли толор ва ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намуданд.

Сабрина Сайдуллоева дар пианинанавозӣ сазовори “Шоҳ-ҷоиза” гардид, ки устодаш Е.Лунина мебошад. Рустам Бобоҷонови чангнавоз бо роҳбарии омӯзгор Д.Қориев аз гурӯҳи калон, Рустам Миркамолови пианинанавоз бо роҳбарии Е.Лунина аз гурӯҳи хурд сазовори ҷойи якум шуданд. Дар баробари ин, иштирокчии хурдсоли озмун Томирис Ҳусейнова низ таҳти роҳбарии омӯзгор Б.Лунин ғолиб дониста шуд.

Номзади илмҳои санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, профессор Наим Ҳакимов чун раиси ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод намуд, ки соли оянда дар пояи озмуни мазкур озмуни байналмилалии “Истеъдодҳои наврас”-ро ташкил намоянд. Бигзор дар он истеъдодҳои наврас аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ иштирок намуда, дараҷаи ҳунари навозандагии худро бисанҷанд. Албатта, ташкил кардани озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд барои наврасон яке аз рӯйдодҳои хуби фарҳангӣ хоҳад буд.

Доир ба баргузории озмуни “Истеъдодҳои наврас” бо директори мактаби бачагонаи мусиқии № 2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Каримов сӯҳбат оростем. Вақте ба бинои мактаб дохил шудем, он бо тозаву озода буданаш диққати моро ба худ ҷалб кард. Зеро, чанде пеш он таъмир шуда, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити боз ҳам беҳтар муҳайё гашт. Синфхонаҳо бо лавозимот ва асбобу аёниятҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Мактаб аз панҷ шӯъба: созҳои халқӣ, фортопиана, зарби нафасӣ, сарояндагӣ ва синфи рақс иборат аст. 14 нафар муаллимони асосӣ ва 7 нафар муаллимони ҳамкор, ки аз онҳо 10 нафарашон Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба дӯстдорони санъат асрори илму ҳунари мусиқиро меомӯзонанд.

Дар олами бачагон: Дурахши истеъдодҳои наврасМусиқинавозони наврас бо камоли мамнунӣ ва шодмонӣ машғулиятҳоро аз худ мекунанд ва маҳораташонро сайқал медиҳанд. Бо машғулиятҳои берун аз мактабӣ фарогир будани хонандагон барои ташаккули онҳо саҳми беандоза хоҳад гузошт, зеро вақти мактаббачагон ҳам беҳуда намегузарад ва ҳам донишу ҳунар меомӯзанд. Дар сӯҳбат Нуриддин Каримов як нуктаи бисёр аҷибро қайд намуд. Ӯ гуфт: “хонандагоне, ки бо омӯзиши нозукиҳои мусиқӣ машғуланд, чун инсонҳои вазнину ботамкин ва сулҳҷӯю дӯстдори зиндагӣ ба воя мерасанд”.

Ин аст, ки волидайн барои таълиму тарбияи фарзандонашон бештар аҳамият медиҳанд. Баъди тариқи телевизиони “Диёр” намоиш додани чорабинии мактаби мазкур бисёр волидайн ба роҳбарияти мактаб муроҷиат карданд, ки фарзандони онҳоро низ ба гурӯҳҳои мухталифи навозандагӣ шомил намоянд, то онҳо низ ба дунёи рангини мусиқӣ ворид гарданд. Нуриддин Каримов мегӯяд, ки қабули хонандагон аз соли нави хониш ба роҳ монда мешавад.

Дар фарҷом таманнои онро менамоем, ки зиндагии кӯдакону наврасон рангину ботароват ва пур аз нафосат бошад.