(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Футболбозони «Хуҷанд» давраи якумро бо ғолибият ҷамбаст намуданд.Дар варзишгоҳи ба номи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон» Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лигаи олӣ байни дастаҳои «Хуҷанд» - шаҳри Хуҷанд ва «Барқи тоҷик»- шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бозӣ агарчанде бо афзалияти бештари соҳибони майдон гузашт, футболбозони «Хуҷанд» танҳо дар дақиқаи чаҳоруми баъди танаффус имкон доштанд тӯби нишонрасро ба дарвозаи дастаи «Барқи тоҷик» ворид созанд.
Голи нахустин ва ғолибиятро ба дарвозаи ҳарифон нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов зад.
Ҳамин тавр то интиҳои бозӣ ҳисоб бетағийр монда, ин ғолибиятро мавқеи дастаи «Хуҷанд»-ро дар ҷойи дуюми ҷадвали чемпионат байни дастаҳои лигаи олӣ мустаҳкам намуд. Бо ин бозӣ дастаҳои лигаи олӣ ба танаффус рафта давраи дуюм чемпионати кишвар санаи 1 август оғоз меёбад.