(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аз маҷлисҳои ҳисоботӣ: Фаъолияти пурсамарДар ҶДММ «Текстил-Ситӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботию интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати муассиса баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ибтидоӣ раиси Иттифоқи касабаи корхона Абдурозиқ Fафуров оғоз бахшид. Оид ба фаъолияти ташкилотии ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҶДММ «Текстил-Ситӣ» давоми солҳои 2011-2012  раиси ташкилоти собиқадорон Абдуҷалил Абдувалиев ҳисобот дод.

Аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи ҳисобот панҷ маротиба маҷлиси умумӣ 9 маротиба  маҷлиси аъзои ташкилотчиёнро гузаронд.Ташкилот 7 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 21 нафар коргарони ақибгоҳ дар солҳои 1941-1945, 8 нафар сарбозони байналмилал ва 36 нафар барқароркунандагони сохти конситутсиониро муттаҳид месозад.

Аз маҷлисҳои ҳисоботӣ: Фаъолияти пурсамарДар музокира Қаҳрамон меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ, иштирокчии ҶБВ Набиҷон Ҳасанов, собиқадорон Исмоил Иброҳимов, Алихон Охунзода, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва  меҳнати шаҳр Ҳошим Осимов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи корхона Абдурозиқ Fафуров иштирок карда, андешаҳои хешро доир ба беҳдошти кори ташкилоти ибтидоӣ иброз доштанд.

Дар фарҷом ҳайати нави аъзои ташкилоти ибтидоии собиқадоронро интихоб карданд ва Абдуҷалил Абдувалиев аз нав раис интихоб шуд.