(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муроҷиати шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд.

Имрӯз низ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ҳалли мушкилот ва баррасии дархост, сокинони маркази вилоятро қабул намуд.
Пеш аз оғози қабули сокинон Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки баргузории чунин сӯҳбатҳои бевосита бо шаҳрвандон дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Давоми рӯз 47 нафар сокинон намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимои бо чанд масалаҳои ҳалталаби худ муроҷиат намуданд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд 12 нафар барои кӯмаку мусоидати беҳтар намудани шароити манзилашон, 9 нафар барои кӯмаки дастрас намудани   масолеҳи сохтмонӣ  муроҷиат намуданд. Чанде аз сокинон аз Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин хоҳиш намуданд, ки барои харидории доруворӣ, ҷойгир намудани кӯдакашон дар боғчаи бачагона, таъмини ҷойи корӣ ва хобгоҳ, расондани кӯмаки моддӣ, таъмини оби нӯшокӣ дар маҳалла низ мусоидат намояд.
Дар умум ба Раиси шаҳри Хуҷанд 47 нафар сокинон бо масалаҳои худ муроҷиат намуданд.