(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти судманд бо фаъолони шаҳрБо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи ва паст намудани теъдоди ҳолату сабабҳои ба ҷиноят мусоидаткунанда мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Шариф Раҳмон бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, сарварони мактабҳои миёна ва миёнаи махсус, ходимони дин, роҳбарони бозорҳои шаҳр ва дигар намояндагони соҳаҳои дахлдор баргузор гардид.
Қабл аз оғози мулоқот ба ҳозирон чанд гузориши аз ҷониби хадамоти иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд омода намуда пешкаш гардид.
Мулоқот бо суханронии ифтитоҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода шурӯъ гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки ҳадафи мулоқот ин баргузории суҳбати озоду судманд бо фаъолони маркази вилоят аст.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майор Назарзода Шариф Раҳмон доири вазъу ҳолати ҳуқуқвайронкунии сокинон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳозирон маълумоти муфассал дод.
Зикр гардид,ки агарчанде назар ба маълумот солҳои охир миқдори чанде аз намуди ҷиноятҳои вазнин кам гашта бошад ҳам лек то ҳол дар мавриди тарбияи ахлоқии ҷавонон нигоҳ доштани онҳо аз пайравии ноогоҳона ба гурӯҳхои ифротӣ ҳамкории бештари кормандони милитсия ва роҳбарони муаасисаҳои таълимӣ раисони кумитаҳои маҳаллаҳо лозим аст.
Дар мавзӯи пешниҳодгардида ҳамчунин раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода ва чанде дигарон ҷонибдории худро аз тадбирҳои амалишавандаи давлату ҳукумат бобати пешгирӣ намудани омилхои номатлуби ҷомеаи имрӯза изҳор намуданд.
Дар ҳамин замина бо назардошти якчанд пешниҳоди ҳозирон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони бозорҳои шаҳр таъкид намуд, ки дар моҳи Шарифи Рамазон нархҳои маҳсулоти ниёзи авваларо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ба вазъи санитарии ҷойҳои савдо ва маҳсулот эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳр пешниҳоди ба тартиб даровардани либоспӯшии фурӯшандаҳои бозор ва марказҳои савдоро қобили қабул дониста. Дастур дод,ки минбаъд фурӯшандаҳо бояд либоси ягона дошта бошанд.