(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Роҳсозони Хуҷанд корро вусъат медиҳанд.

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доири таъмири роҳҳои шаҳри Хуҷанд  корро ҳамарӯза вусъат медиҳад. Ҳоло дар кӯчаҳои марказӣ ва маҳаллаҳои Хуҷанд таъмиру мумфаршкунии роҳхо идома дорад.
Имрӯз дар кӯчаҳои ба номи Ҳаким Карим ва Холиқ Иброҳимови маркази вилоят роҳсозон ба таъмири ин кӯчаҳо оғоз намуданд.
Ҳангоми боздиди кори ва шиносоӣ аз рафти корҳои таъмир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо таъмиргарон мулоқот намуда, таъмини сифати корҳоро таъкид намуд.
Барои сари вақт ба анҷом расондани корҳои нақшавӣ роҳсозони маркази вилоят дар як вақт дар кӯчаи номбурда корҳои таъмирро шурӯъ намуданд. Айни замон кӯчаи ба номи Ҳаким Карим давоми ду рӯз аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дарозии кӯча зиёда аз 400 метр буда паҳноии он 6 метр аст.
Дар кӯчаи ба номи Холиқ Иброҳимов гурӯҳи дигари Идораи роҳсозон ва таъмиргарон дар якҷоягӣ бо сокинони кӯчаи номбурда, ки наздик 200 метр масофа ва 5,5 метр паҳноӣ дорад, ният доранд давоми ду рӯз пура мумфарш намуда, аз таъмири куллии босифат бароранд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи накша имсол 57,1 км роҳҳои шаҳр аз таъмир бароварда мешавад. То имрӯз 18 км роҳои кӯчаҳои шаҳр таъмири ҷорӣ ва 10 км таъмири куллӣ шудааст.
Иҷроиши барномаи роҳхои обод дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.