(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Хуҷанд мизбони Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав»

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бо мақсади тарғиби фарҳанги зебопарастӣ, корҳои созандагӣ ва ба истиқболи 18–умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамзмон «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» бори нахуст Фестивали “Гулҳо” ва “Оши палав” баргузор гардид.
Мизбони фестивал МИҲД шаҳри Хуҷанд дар шахси Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят хайрамақдам гуфт. Ба инҷо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ташриф овард ва бо ҷараёни тайёр намудани ин таоми миллии ниёгон шинос гардид. Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз гӯшаи дигари Маҷмаа, ки аз ҷониби иштирокчиёни Фестивали «Гулҳо» бо гулҳои гуногун ва бо тарҳу намудҳои ҷавобгӯ ба талаботи озмун оро дода шуда буданд, дидан карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ, иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва теъдоди зиёди сокинон ширкат доштанд. Дар рафти сӯҳбат бо иштирокдорони фестивал Абдураҳмон Қодирӣ нахуст ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори Сулҳу Ваҳдати тоҷикон аст, изҳори сипос намуда гуфт, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии фарзанди фарзонааш ҳамасола рушд мекунад ва обрӯв нуфузаш дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад.
Раиси вилоят инчунин иштирокдорони Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистонро табрик гуфт ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки бо таҳсили хубу намунавӣ ва соҳибтахассус гардидан дар пешрафти Тоҷикистон саҳми боризи худро гузоранд.
Ногфта намонад, ки дар соҳили дарёи Сир аз 18 шаҳру навоҳии вилоят дастархони идона ороста барои иштирокчиёни фестивалу сокинони маркази вилоят дар 40 дег оши палав пухта шуд. Ҳозирин бо иштиҳои том ва ба таври ройгон аз  палави омодакардаи ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят тановул карданд. Ин чорабинӣ оғози тантанаҳо, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ буд.
Боиси тазаккур аст, ки Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палов» дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», маконе, ки дар арафаи «Наврӯзи байналмилалӣ-2015» бо дуои неки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди азнавсозии куллӣ ба истифода дода шуда буд, баргузор гардид. Ин Маҷмаа, ки дар он ҳавлии шоир ва орифи шинохтаи бузурги форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ якҷо бо мақбараи рамзии ӯ ва чорбоғ пас аз қарнҳо қомат афрохтааст, имрӯзҳо ба рамзи дӯстиву рафоқат ва Ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик, макони сайргашти оммавии хуҷандиён ва мардуми атрофи шаҳр,табдил ёфтааст. Ҳар меҳмоне, ки ба Хуҷанди бостон меояд, ҳатман аз ин гӯшаи зебоманзари шаҳр дидан мекунад ва ба фарҳангдориву посдории хотираи орифи бузург Шайх Камоли Хуҷандӣ аҳсан мегӯяд.