(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Профессор Бароат Ҳоҷибоева  соҳиби ҷоизаи ба номи И. Бунин гашт.Эътибору Доктори илми филологӣ, профессор, олими шинохта Бароат Ҳоҷибоева дар кишвари мо ва берун аз он мақоми хоса дорад.
Чанде пеш аз Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Москва паёми хуше ба аҳли илму адаби шаҳру вилоят расид.
Бо қарори Шӯрои муассисони Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Москва устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, профессор Бароат Ҳоҷибоева бо мукофоти ба номи нависанда ва шоири бузурги рус Иван Бунин сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон бо қарори Шӯрои донишгоҳи номбурда олимаи тоҷик бо медали ифтихории Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Алия Молдогулова, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои ҷангии зиёде нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гаштааст, қадрдонӣ гардид.
Ба ин муносибат дар ҳавлии Бароат Ҳоҷибоева маросими тантанавии супоридани ин мукофотҳо баргузор гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, дар ҳузури пайвандон ва аҳли зиёиёни вилоят ба устод ва олимаи шинохта ин мукофотҳоро супориданд.
Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.
Ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯсторони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллӣ тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун мукофотонида мешавад.
Ҳайати ҳакамон аз шахсиятҳои маъруфи илмӣ адабӣ ва соҳибкории давлати Россия иборат буда, роҳбарии онро «Тарасов Борис Николаевич»–адабиётшиноси маъруф, нависанда, мудири кафедраи Донишкадаи адабиёти ба номи М Горкий ба зимма дорад.
Бароат Ҳочибоева нахустин шахсест, дар байни олимони Осиёи Марказӣ соҳиби ин ҷоиза гардидааст.
Номбурда барои эҳтирому, қадрдонӣ ва таваҷҷӯҳи хоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, афзуд,ки то имкон дорад барои пешрафти илм ва тарбияи олимони ҷавонон  таҷрибаю дониши худро дареғ намедорад.
Доктори илми филологӣ, профессор Бароат Ҳоҷибоева дар синни 87 солагӣ буда, зиёда аз 60 сол ба шогирдон аз забон ва адабиёти рус дарс гуфтааст. Духтаронаш Муаззама Хоҷаева аз фанни риёзӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ ба таълими насли наврас машғул буда, Доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар вазифаи ноиб-ректор фаъолият дорад. Духтари хурдии муаллима,- Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона (Иноят Хоҷаева) бо оилаи худ ҳамроҳи модараш зиндагӣ дорад.