(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Бибиҳо» фаъолияти худро дар бинои таъмиршуда идома медиҳанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар маросими аз нав ба истифодадиҳии қисми бинои мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ дар маркази вилоят иштирок намуд.
Бинои мазкур аз оғози соли ҷорӣ дар таъмир қарор дошта, корҳои таъмиру азнасозиро Идораи сохтмони асосиии шаҳр ба анҷом расондааст.
Дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин қисми бино фаъолияти Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо» дар он идома меёбад.
Раиси шаҳрро ҳунармандони ансамбли мазкур бо роҳбари худ,- Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева самимона истиқбол намуданд. Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо» давоми даҳ сол аст, ки фаъолият дошта, дар ҳайати он Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Зулфия Тӯйчиева, Неъматҷон Дӯсматов, Каромат Ҳоҷиева ҳамчунин ҳунармандон Ҳаким Ахмедов, Саодат Саломова Насиба Каримова Шаҳодат Ҷӯраева ва чанде дигар аз чеҳраҳои саршиноси ҳунари кишвар фаъолияти эҷодӣ доранд.
Умуман ҳайати ансамбл аз 13 нафар ҳунармандон  иборат буда, барномаи онҳо аз суруду таронаҳои халқӣ, саҳначаҳои хурди якпардагӣ, рақсҳои якка ва гурӯҳӣ, лапар ва ғайра мураттаб гаштааст.
Баъди таъмир барои машқ, намоиши барнома толорҳои алоҳида ҷудо гардида, имконияти фароҳами эҷодӣ ба вуҷуд омад. Барои таъмири бино аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сад ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гашта буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти ин  ансамб изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки барои ташкили сафарҳои ҳунарӣ ба минтақаҳои дигари кишвар мусоидат намоянд.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барои ғамхории доимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ ба ҳунармандон ба хусус ҳунармандоне,ки ба синни нафақа расидаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳори сипос намуд.
Ҳунармандони шинохта гулчине аз барномаҳои худро ба ҳозирон пешкаш намуданд.