(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Паёми Сардори давлат асоси ташаккули ҷомеа: Рӯҳбаланду  шодкомемАҳли маорифи мамлакат дар радифи кормандони соҳоти дигари хоҷагии халқ Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар бо хушнудӣ ва эътимоди комил ба фардои дурахшони Ватан пазируфтанд. Дар ин бобат сарпарасти соҳа, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова андешаҳои хешро ба таври зайл ифода намуд: Воқеан, Паёми имсолаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон (26.04.2013) аз паёмҳои қаблӣ аз лиҳози пурмӯҳтаво ва муассириаш тафовут дошт. Зеро, Сардори давлат ба далелҳои мушаххас вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ташаккули ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро собит карда, гуфт: «Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 2 миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад. Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.» Масъалаи дигари хеле муҳим ва муассир барои ҳар шунаванда ин дастгириву ғамхорӣ ва ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон мебошад. Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш зикр карданд: «Ҳоло дар кишварамон 3300 нафар кӯдаконе, ки на падар ва на модар доранд, инчунин беш аз 102 ҳазор нафар, ки ё падар ё модар надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Илова ба ғамхориҳои дигар барои кӯдаконе, ки аз саробон маҳрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли музди меҳнат, яъне 105 сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар карда шуда, ба суратҳисоби депозитии барои ин кӯдакон дар Бонки давлатии «Амонатбонк» кушодашуда пардохт карда мешавад.» Нуктаи дигари нишотбахш барои шаҳрвандон, бахусус, маорифчиёни кишвар ин зиёд карда шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои мухталиф мебошад, ки дар ин бобат дар Паём чунин омадааст: «…Аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муасисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, аз ҷумла илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.» Мутмаинем, ки Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун раҳнамои зиндагӣ ва асоси ташаккули ҷомеа хидмат менамояд.