(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кормандони савдо ва коммуналӣ иди касбии худро қайд намудандДар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи коркунони савдо, хизмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид.
Дар таҷлили ин иди касбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд кули ҳозирон кормандон, мутахассисони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.
«Вазифаи басо масъулиятнок ба дӯши коркунони соҳаҳои савдо, хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ вогузор аст. Онҳо ҳамарӯза дар хизмат мебошанд. Фаровонии маҳсулоти бозор, таъминоти мардум бо моли мавриди ниёзи аввал, маводи рӯзгор, хӯрокаю пӯшока, адои хизмати маишии аҳолӣ, сатҳи зарурии хизматрасонии манзилию коммуналӣ, тозагию ободӣ, сабзу хуррамии диёр, беҳдошти вазъи санитарӣ, дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо – ин ҳама маҷмӯи вазифаҳоеанд, ки иҷрои онҳо ба ҷидду ҷаҳд, сатҳи кордонию малака ва ҳисси баланди масъулиятшиносии ҳар як корманди ин соҳаҳои хизматгузор вобаста аст ва аз тақозои давру айём, барномаи рушди иҷтимоии мамлакат, супоришу нишондодҳои Ҷаноби Олӣ Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бармеоянд.»
Баъдан ба 90 нафар кормандони фаъоли соҳаҳои номбурда Раиси шаҳри Хуҷанд ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро дар лаҳзаи тантанавӣ супорид.
Ҳамчунин тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд ба 450 нафар кормандони соҳа равған ва орд ройгон тақдим гардид.
Аз ҷониби ҳунрмандони санъати шаҳр барномаи консертӣ пешкаш гардида ба ҷашни кормандон шукӯҳи тоза зам гардид.