(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Мактабиёни шаҳри Хуҷанд аз матои ватанӣ либос мепӯшанд.Ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ яке аз самтҳои муҳими зиёд намудани иқтидори коргоҳхои саноатии кишвар аст, ки аз супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бо мақсади таҳкими ин сиёсати давлатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чанд корҳои судмандро ба иҷро расонда, нақшаи мушаххаси худро омода намудааст.
Дар ҳамин замина ва тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаҳои дӯзандагӣ барои омода намудани либосҳои мактабӣ аз матои истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ истифода мебаранд.
Давоми ду моҳ аст, ки бо ин мақсад, роҳбарони макотиби шаҳр по пешниҳодҳои корхонаҳои саноатии истеҳсоли матоъ ва сехҳои дӯзандагии маркази вилоят шинос мешаванд.
Дар қиёс аз солҳои қаблӣ имсол бо дастури Раиси шаҳр шартномаи тайёр намудани либоси мактабӣ, байни коргоҳҳои истеҳсолӣ ва Шӯрои волидайни мактаб баста мешавад.

То имрӯз аз ҷониби Шӯрои волидайни 38 мактаби маркази вилоят чунин шартномаҳо ба имзо расида, коргоҳхои дӯзандагӣ барои омода нммудани либоси хонандагон ин мактабҳо оғоз намуданд.
Либосҳои мактабӣ пурра аз матои истеҳсоли Корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» омода карда мешаванд, ки 60% он аз пахта аст. Ин меъёр бо назардошти дархости тарроҳон ва дӯзандагон риоя шуда, бофандагони матоъ ва дӯзандагон тасмим доранд, минбаъд низ барои такмимли сифати маҳсулоти худ ҳамкориро идома диҳанд. Ин ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати истеҳсолкунанда ва харидор буда, барои ба рақобат тобовар гаштани маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Ба хусус ин тадбир дар дурнамои корхонаҳои саноатӣ ва рушди онҳо пешбинӣ шудааст. Зеро имрӯз аллакай корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» имкон дорад тамоми коргоҳхои дӯзандагии вилоят ва берун аз онро бо матои хушсифат таъмин намояд.
Ҳамчунин аз ҷониби корхонаи номбурда барои наврасони сини мактабӣ куртаҳои сафедро низ  пешниҳод намудааст, ки он  35-40 сомонӣ нарх дорад.
Либоси мактабӣ бошад  иборат аз шиму кастюм юбка ва жикети мактабӣ аз 145 то 160 сомонӣ вобаста ба андозаи либос омода гашта манзури хоҳишмадон мегардад.