(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Кормандони соҳаи савдо, муассисаҳои хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналиро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.
Ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёрамон таъмини беҳбуди рӯзгори мардум ва болида сохтани рӯҳияи онҳо ба сатҳи хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Самтҳои фаъолияти соҳаи манзилию коммуналӣ асосан барои ободонию сабзкорӣ, бунёдкорию созандагӣ, чарощонкунию гулкорӣ, таъмини тозагию озодагии ҳудуди шаҳр, нигоҳдории бехалали фонди манзил, аз он ҷумла, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгарду пиёдагард нигаронида шудааст.
Маҳз ба шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳа шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Имрӯзҳо дар радифи таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, гулзоркунии  кӯчаву хиёбонҳо, гулгашт ва шафати роҳҳои назди бино ва ташкилотҳо давом дорад, ки дар он саҳми кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ калон аст.
Ба дӯши кормандони соҳаи савдо вазифаҳои басо масъулиятнок вогузор аст ва онҳо ҳамарӯза дар хизмати халқ қарор дошта, барҳақ муҳимбарори мардум мебошанд. Фаровонии маҳсулоти бозор, таъминоти мардум бо маводи рӯзгор, хӯрокворию пӯшок ва хизматрасонию маишӣ чун вазифаи муҳим бар дӯши кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ вогузор аст.
Маданияти хизматрасонӣ торафт баланд мешавад, ки он пеш аз ҳама ба азму иродаи соҳибкорон ва ҳиммати онҳо алоқаманд аст.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳа саломатию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор рӯзгори хурраму босаодат насибатон гардад!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                        Раҷаббой Аҳмадзода