(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altОмӯзгорону хонандагони азиз!
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо-Тоҷикистони биҳиштосо боз як соли хониш сипарӣ шуд. Ба ин муносибат кулли омӯзгорону хонандагон ва махсусан, хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори обод, бахти баланду иқболи бегазанд ва комёбиву музаффариятҳоро орзу менамоям.
Масъалаҳои мактабу маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумот ҳамеша диққати давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеаро бештар ба худ ҷалб менамояд. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди соҳаи маориф вобастагии мустақим дорад.
Дар соли таҳсили сипаришудаистода, низ кормандони соҳаи маориф дар партави сиёсати давлат нисбат ба насли наврас таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо, таҳкими ғояҳои меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ, нақши пурарзиш гузоштанд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои таълимӣ 15 нафар хонандагони шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар вилоят ва ҷумҳурӣ аст. Толибилмони шаҳр соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин 34 нафар хонандагони фаъолу пешқадам ба гирифтани идрорпулии Раиси шаҳр лоиқ дониста шуданд. Дастовардҳои хонандагону омӯзгорон дар олимпиадаҳои фосилавӣ, Академияи хурди илмҳо ва дигар озмунҳои мухталифи касбӣ, фаннӣ ва варзишӣ низ хеле назаррас мебошад.
Имсол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2395 нафар толибилмон синфи 11 ва 2810 нафар хонандагон синфи 9-умро хатм менамоянд ва 11 нафари онҳо ба сифати довталабони медалҳои тилло ва нуқра пешниҳод гардидаанд. Натиҷагирию хулосабарориҳо аз самараи соли таҳсил баъди итмоми атестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм,  баргузории имтиҳонот тариқи мутамарказ дар Маркази миллии тестӣ ба амал меояд. Боварӣ дорем, ки аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи он хулосаи дуруст бароварда, барои муташаккилона гузаронидани истироҳати тобистона, омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, ҳамчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми босазо мегузоранд.
Соли 2015 “ Соли оила”, “Соли рушди фарҳанг ва гулҳо” эълон гардидааст, бигзор дар оилаҳо сулҳу амонӣ пойдор, ҳамдигарфаҳмӣ устувор, иззату эҳтироми самимӣ барқарор бошад. Бигзор фарзандон дорои фарҳанги воло, солеҳу соҳибмаърифат ба воя расанд ва дар ободии манзилу атрофи зисти хеш, боз ҳам зеботар ва ба шаҳри гулҳо мубаддал гаштани шаҳри Хуҷанд саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                Раҷаббой Аҳмадзода