(3 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Ҷавонон, ҷиноят ва ҷазоМо имрӯз аз ҳавои тозаи истиқлолият нафас мекашем ва суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд»-ро пайгирӣ мекунем. Вале, мутассифона, ҷавононе  ёфт мешаванд, ки даст ба ҷиноят мезананд.

Бо мақсади ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Fафуров вохӯрии кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилоят, подполковник Пӯлодҷон Саидов, Садбарг Муродова ва масъули шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Абдуворис Мингбоев бо ҷавонон-донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал декани факултети филологияи тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев сухан намуда, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод.

А.Мингбоев аз қарору фармонҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёнро хабардор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ навор оид ба даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ намоиш дода шуд, ки донишҷӯёнро тавонист барои баровардани хулосаи зарурӣ мусоидат намояд.

Аз навор маълум шуд, ки яке аз донишҷӯйи Донишкадаи техникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даст ба ҷинояти террористӣ зада, аз ҷониби кормандони ВКД дастгир карда шуд.

П.Саидов аз ҷиноятсодиркунии ҷавонон ҳарф зада, қайд кард, ки дар 3 моҳи аввали соли равон 11 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Донишҷӯёни факултет аз ин вохӯрӣ хеле бардошт карданд.