(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохӯрии Прокурори генералӣ бо фаъолону масъулини давлатӣДар Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакӣ мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рахмон Юсуф Ахмадзод муовини сардори Бонки миллии Точикистон Сироҷиддин Икромов бо фаъолн кормандони масъули давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкаловск, Қайроққум ва нохияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Масчоҳ баргузор кард. Рахмон Юсуф Ахмадзод аз иштирокчиёни вохури даъват кард, ки дар ин масъула бетараф набошанд ва барои пешгирии шомилшави ба хазбу харакатхо мусоидат намоянд ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои номбурда баргузор гардид.
Вохӯриро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда, доири мақсад ва масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишаванда маълумот дод.
Қаблан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рахмон Юсуф Ахмадзод ба ҳозирон иттилоъ дод, ки айни замон 300 нафар шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои давлати Сурия иштирок доранд. Аз ин шумора 99 нафарро сокинони вилояти Суғд ташкил медиханд. Тибки маълумоти расми аз онхо 100 нафар кушта шудаанд. Фирефташудагон шахрвандони аз 18 то 35 сола хастанд.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод таъкид намуд,ки яке аз манбаъҳои паҳнкунандаи ақидаи ифротӣ ва ташвиқи ин амалҳо шаҳрвандони кишвари мо мебошанд. Бештари онхое ки дар хориҷи кишвар таҳсили динии ғайрирасмиро доранд, манбаъи тарғиби гуруҳҳои ифротӣ ҳастнад. Аз рӯи санҷишҳо ҳоло дар ин гуна мактабхои гайрирасмии хоричи кишвар 42 нафар аз сокинони вилояти Сугд тахсил менамоянд.
Дигар аз масъалае ки мавриди мухокима ва барраси карор гирифт, ин нигох доштани арзиши пули миллӣ ва таъмини низоми пулию қарзӣ буд. Бо баробари номуътадилии асъори хориҷи, муомиллот ва хариду фуруш дар бозорхо ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Ин гуна қонунвайронкунӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷой дошта танҳо дар вилояти Суғд 175 ҳолати хариду фурӯш бо асъори хоричӣ ошкор гардид. Дар натиҷа 25 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Дар миқёси кишвар бошад ин ҳолат 358 ададро ташкил мекунад. Ҳарчанд аз ҷониби Бонки миллӣ курби расмии асъор мукаррар шуда бошад ҳам, он дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо арзиши баланд фурухта мешавад.
Муовини раиси вилояти Сугд Анвар Яъқубӣ бобати чораҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллӣ риояи ҳатмии савдо ва гардиши молу амвол ва муомилот бо пули миллӣ изҳори назар намуд. Иштирокдорони ҷаласа, фаъолон мавриди мавзӯҳои пешниҳодшуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.