(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳисоботи эҷодии муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ҳунарӣҲамасола баъди  интиҳои соли хониш муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ҳунарии шаҳри Хуҷанд ҳисоботи эҷодии худро доир менамоянд.
Бори нахуст бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Қасри фарҳангии ба номи А.Рӯдакӣ ҳисоботи эҷодии якҷояи ин таълимгоҳҳо доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши маҳсули меҳнати аъзоёни маҳфилҳои ин муассисаҳои таълимӣ  дидан намуда, дар консерти ҳисоботии ҳунармандони ҷавон иштирок намуд.
Ҳангоми боздид аз асарҳои офаридаи рассомон, дӯзандаҳо, кешбофон ва дигар ҳунармандону эҷодкорон Раиси шаҳри Хуҷанд аз завқи бадеӣ ва ҳунарии тарбиятгирандон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мутасаддиёни соҳаи фарҳанг, маориф ва ин муассисаҳо супориш дод, ки дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мағзаи махсуси фурӯши маҳсулоти ин таълимгоҳхоро ташкил намоянд. «Имрӯз доири муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ, тарғибу омӯзиши ҳамаҷонибаи он Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Бинобар он маҳз ба кӯдакону наврасон омӯзондани онҳо яке аз омилҳои минбаъд рушд ёфтани ҳунарҳои суннатии мардуми мо хоҳад буд.»
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд,ки рӯйхати беҳтарин ҷавонони ҳунармандро барои аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ба истироҳатгоҳои  тобистона фиристодан, пешниҳод карда шавад.
Дар барномаи консертӣ 150 нафар навозандагону ҳофизони ҷавони боистеъдод ширкат намуда зиёда аз 20 суруду оҳангҳоро иҷро намуданд.
Лозим ба ёдоварист,ки давоми соли хониши сипаригашта дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ҳунарии шаҳри Хуҷанд 975 нафар хонандагон ба ҳунару эҷодкорӣ фаро гирифта шуда,128 нафар омӯзгорон фаъолият доранд.
Дар шаҳри Хуҷанд Мактаби  бачагонаи санъати № 1 ба номи Лоиқ Шералӣ, Мактаби бачагонаи санъати № 2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов, Мактаби бачагонаи санъати № 3 ба номи Наримон Қаримов ва Мактаби бачагонаи рассомӣ фаъолият дорад.